https://sputnik.tj/20210407/bonk-tojikiston-15-million-vazir-1034677797.html
БОР ба Тоҷикистон 15 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт, ба куҷо сарф хоҳад шуд
БОР ба Тоҷикистон 15 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт, ба куҷо сарф хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ин созишнома 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи президенти кишвар барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони
2021-04-07T15:22+0500
2021-04-07T15:22+0500
2021-07-21T18:51+0500
иқтисод
вакилон
созишнома
дар тоҷикистон
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ин созишнома 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи президенти кишвар барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони пешниҳод гардида буд, хабар додааст дафтари матбуотии Палатаи поёнии парлумони кишвар.Манбаъ гуфтааст, ҳадафи асосии Созишнома сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти гидротехникии обтаҳшинкунӣ бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар сарбанди канали Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, ки дар натиҷа низоми идоракунии захираҳои обӣ, вазъи обёрии минтақа, таъмини афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба нақшагирии самарабахш дар ҳавзаи дарёи Панҷ сифатан беҳтар мегардад.Андоза ва намуди сохтмони иншооти мавҷудаи обтаҳшинкунӣ бо усули гидравликӣ бо сабабҳои номусоид будани релефи ҷойгиршавии ҳавз, нопурра будани маълумоти гидрогеологӣ, баланд ва паст шудани сатҳи дарёи Панҷ ғайриимкон мебошад, афзудааст манбаъ.Ба иттилои манбаъ, бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар навбати худ то 68% обро таҳшин менамояд ва дар натиҷа дараҷаи фарсудашавии насосҳои пойгоҳҳои обӣ ва чархаҳои кории онҳо ба маротиб коҳиш меёбадГуфта мешавад, бо дарназардошти афзалияти бо усули давравӣ тахшин намудани об, таҳлили хусусиятҳои релефи маҳал ва сатҳи дарёи Панҷ, мутахассисони байналмилалии ширкати лоиҳакаш сохтмони варианти иншооти ин намуди ҳавзро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёи Рушд ва Ширкати сохтмонӣ ҷонибдорӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20210304/Qarz-anjomi-loiha-Tajikistan-BATR-sozishnomai-qarzi-imzo--1032937937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, вакилон, созишнома, дар тоҷикистон, бонк
иқтисод, вакилон, созишнома, дар тоҷикистон, бонк
БОР ба Тоҷикистон 15 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт, ба куҷо сарф хоҳад шуд
15:22 07.04.2021 (Навсозишуда: 18:51 21.07.2021) Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи гранти миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё оид ба лоиҳаи "Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ: дуввуми иловагӣ"- тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ин созишнома 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи президенти кишвар барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони пешниҳод гардида буд, хабар додааст дафтари матбуотии Палатаи поёнии парлумони кишвар.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, маблағи созишномаи мазкур 15,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз ҳисоби маблағи гранти захираҳои Фонди махсуси Бонки Осиёии Рушд ҷудо карда мешавад.
Манбаъ гуфтааст, ҳадафи асосии Созишнома сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти гидротехникии обтаҳшинкунӣ бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар сарбанди канали Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, ки дар натиҷа низоми идоракунии захираҳои обӣ, вазъи обёрии минтақа, таъмини афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба нақшагирии самарабахш дар ҳавзаи дарёи Панҷ сифатан беҳтар мегардад.
Андоза ва намуди сохтмони иншооти мавҷудаи обтаҳшинкунӣ бо усули гидравликӣ бо сабабҳои номусоид будани релефи ҷойгиршавии ҳавз, нопурра будани маълумоти гидрогеологӣ, баланд ва паст шудани сатҳи дарёи Панҷ ғайриимкон мебошад, афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар навбати худ то 68% обро таҳшин менамояд ва дар натиҷа дараҷаи фарсудашавии насосҳои пойгоҳҳои обӣ ва чархаҳои кории онҳо ба маротиб коҳиш меёбад
Гуфта мешавад, бо дарназардошти афзалияти бо усули давравӣ тахшин намудани об, таҳлили хусусиятҳои релефи маҳал ва сатҳи дарёи Панҷ, мутахассисони байналмилалии ширкати лоиҳакаш сохтмони варианти иншооти ин намуди ҳавзро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёи Рушд ва Ширкати сохтмонӣ ҷонибдорӣ гардидааст.