https://sputnik.tj/20210304/Qarz-anjomi-loiha-Tajikistan-BATR-sozishnomai-qarzi-imzo--1032937937.html
Қарз барои анҷоми лоиҳа: Тоҷикистону БАТР созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд
Қарз барои анҷоми лоиҳа: Тоҷикистону БАТР созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ба имзо расонида шуд 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T12:20+0500
2021-03-04T12:20+0500
2021-07-21T19:20+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
батр
бонк
созишнома
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032937868_0:180:1000:743_1920x0_80_0_0_7eaceab32df1d20f31f88f95ca95ab01.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи қарзиро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоб ва БАТР ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.Созишномаи қарзиро аз тарафи Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Бино ба иттилои манбаъ, созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.Инчунин созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – Ҷамшед Табарзода, Директори Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” – Миралӣ Шарипов ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ ба имзо расониданд.Гуфта шудааст, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.Инчунин барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210219/arz-zid-shud-boz-arz-megirem-arzi-khoriii-Toikiston-ch-adar-ast-1032858959.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032937868_0:87:1000:837_1920x0_80_0_0_c672836e7aa835f501b9f4f33609c6a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, батр, бонк, созишнома, қарздиҳӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, батр, бонк, созишнома, қарздиҳӣ
Қарз барои анҷоми лоиҳа: Тоҷикистону БАТР созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд
12:20 04.03.2021 (Навсозишуда: 19:20 21.07.2021) Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи қарзиро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоб ва БАТР ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Созишномаи қарзиро аз тарафи Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои манбаъ, созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Инчунин созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – Ҷамшед Табарзода, Директори Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” – Миралӣ Шарипов ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ ба имзо расониданд.
Гуфта шудааст, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.
Инчунин барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.