Талоши Шукрона Қарчиева дар қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия барои медали биринҷӣ

© Федерация дзюдо РоссииШукрона Карчиева на международном турнире по дзюдо "Тверские надежды". официальный сайт Федерации дзюдо России
Шукрона Карчиева на международном турнире по дзюдо Тверские надежды. официальный сайт Федерации дзюдо России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия оғоз шуд.
Дар ин сабқат се бонуи варзишкори тоҷик — Шукрона Карчиева дар вазни 48 кило, Аҳлия Мӯъминова дар вазни 52кило ва Фазилат Гулбоева дар вазни 52 кило рақобат намуданд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
Нахустин шуда, Шукрона Карчиева бо намояндаи Чин — Ка Ки Вонг вориди майдони рақобат шуд. Дар ин дидор намояндаи Тоҷикистон пирӯз шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Дар даври 2-юм Шукрона аз варзишгари Чин – Лин Чен – Ҳао мағлуб шуд. Вале дар даври тасаллибахш бар варзишгарбонуи мизбон – Мусакулова Айсулу ғолиб омад.

Акнун барои ба даст овардани медали биринҷӣ Шукрона Карчиева бо ғолиби ҷуфти Гулнур Муратбаева (Ӯзбекистон) ва Абиба Абужакёнова (Қазоқистон) рақобат мекунад.
Ду варзишгари дигари тоҷик Аҳлия Мӯъминова дар даври аввал аз намояндаи кишвари Туркманистон — Гулбодом Бобомуродова дучори бохт шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.
Фазилат Гулбоева низ ба монанди Аҳлия дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ мағлуб шуд.
Лентаи хабарҳо
0