https://sputnik.tj/20210329/Kulob-Rasul-Boqiev-to-bokhti-shogirdoni-rusash-1033094290.html
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Сабқати куштии миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати паҳлавони Тоҷикистон Расул Боқиев ва рақобати шогирдони русаш бо варзишкорони тоҷик сурат гирифт 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T16:00+0500
2021-03-29T16:00+0500
2021-03-29T16:58+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
кӯлоб
сабқат
расул боқиев
шоҳҷоиза
шоҳҷоиза
интернат
хона-интернатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101925/09/1019250945_49:0:3096:1714_1920x0_80_0_0_f6d1cf66d137fae597d542dd3df31343.jpg
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Мусобиқаи куштии миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати паҳлавонони шинохта, меҳмонони фахрӣ ва ҳазорон нафар дилбохтагони варзиши суннатӣ доир гардид.Дар деҳаи "Мири пок"-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб соли сеюм мусобиқаи куштии миллӣ баргузор мешавад.Ба мусобиқаи мазкур паҳлавони номдори Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев, собиқадорони ин намуди куштӣ ва дигар варзишгарони номдори дохилию хориҷӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.Дар ин рӯз ҳам варзишгарони тоҷик ва ҳам варзишгарони Русия барои ба даст овардани ғолибият рақобат карданд.Ин тадбири варзишӣ беш аз 8 соат идома кард ва дар се майдон зиёда аз 50 рақобати ҷолиб ҷараён гирифтанд, ки баъди ҳар як ғалаба паҳлавонон аз ҷониби садорати кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани шоҳҷоизаи аввали мусобиқа паҳлавони федератсияи Русия — Руслан Киселёв ба майдон омад. Ин паҳлавон бо чор ҳариф рақобат карда, бар дутояш ғолиб омада, ду муҳорибаи дигарро мусовӣ анҷом дод.Барои набард бо ин паҳлавони рус варзишгари тоҷик Фирдавс Насимов аз шаҳри Кӯлоб ба майдон омад, ки то ин муҳориба Фирдавс низ ду бор ғолиб омада буд. Муҳорибаи ин паҳлавонон новобаста ба боду ҳавои номусоид ва борон хеле хотирмон сурат гирифта, ҳазорон нафар мухлисон рақобати ин ду паҳлавонро тамошо карданд.Дар идомаи мусобиқа паҳлавони ҷавону умедбахш Саидшоҳ Раҳматуллоев низ баъди муҳорибаҳои дуру дароз бар рақиби дигари худ аз Русия дастболо гардида, соҳиби дуюмин шоҳҷоиза- мошини "Опел" гардид.Сипоси муфтии Маскав аз Расул Боқиев барои кумакҳояш ба муҳоҷирин ва камбизоатону маъбонБо хоҳиши мухлисону ҳаводорони куштии миллӣ яке аз шоҳҷоизаҳои дигари мусобиқа барои ду паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон- Хуршед Маҷидов ва Шарифҷон Назриев гузошта шуд, ки сабқати ин ду паҳлавон бе натиҷа, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Бо қарори ситоди доварон шоҳҷоизаи мазкур бо як миқдор маблағи пулӣ ба Мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб равона карда шуд.Дар ин мусобиқа ҳазорон нафар ҳаводорони куштӣ аз гӯшаву канори кишвар ба ҳам омада, паҳлавонони дӯстдоштаи худро мухлисӣ карданд.
https://sputnik.tj/20210322/Piruzi-dodarzoda-Rasul-Boiev-gushtin-1033046420.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101925/09/1019250945_509:0:2794:1714_1920x0_80_0_0_414c3eabc65a6b8326d7508fae8be6ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, кӯлоб, сабқат, расул боқиев, шоҳҷоиза, шоҳҷоиза, интернат, хона-интернатҳо, интернатҳо
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, кӯлоб, сабқат, расул боқиев, шоҳҷоиза, шоҳҷоиза, интернат, хона-интернатҳо, интернатҳо
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
16:00 29.03.2021 (Навсозишуда: 16:58 29.03.2021) Сабқати куштии миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати паҳлавони Тоҷикистон Расул Боқиев ва рақобати шогирдони русаш бо варзишкорони тоҷик сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Мусобиқаи куштии миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати паҳлавонони шинохта, меҳмонони фахрӣ ва ҳазорон нафар дилбохтагони варзиши суннатӣ доир гардид.
Дар деҳаи "Мири пок"-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб соли сеюм мусобиқаи куштии миллӣ баргузор мешавад.
Ба мусобиқаи мазкур паҳлавони номдори Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев, собиқадорони ин намуди куштӣ ва дигар варзишгарони номдори дохилию хориҷӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз ҳам варзишгарони тоҷик ва ҳам варзишгарони Русия барои ба даст овардани ғолибият рақобат карданд.
Ин тадбири варзишӣ беш аз 8 соат идома кард ва дар се майдон зиёда аз 50 рақобати ҷолиб ҷараён гирифтанд, ки баъди ҳар як ғалаба паҳлавонон аз ҷониби садорати кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани шоҳҷоизаи аввали мусобиқа паҳлавони федератсияи Русия — Руслан Киселёв ба майдон омад. Ин паҳлавон бо чор ҳариф рақобат карда, бар дутояш ғолиб омада, ду муҳорибаи дигарро мусовӣ анҷом дод.
Барои набард бо ин паҳлавони рус варзишгари тоҷик Фирдавс Насимов аз шаҳри Кӯлоб ба майдон омад, ки то ин муҳориба Фирдавс низ ду бор ғолиб омада буд. Муҳорибаи ин паҳлавонон новобаста ба боду ҳавои номусоид ва борон хеле хотирмон сурат гирифта, ҳазорон нафар мухлисон рақобати ин ду паҳлавонро тамошо карданд.
"Дар ниҳоят ба Фирдавс Насимов муяссар гардид, ки баъди як партофти зебо бар Руслан Киселёв ғолиб омада, аввалин шоҳҷоиза-мошини "Хондай Аккорд"-ро соҳиб гардад", - омадааст дар хабарнома.
Дар идомаи мусобиқа паҳлавони ҷавону умедбахш Саидшоҳ Раҳматуллоев низ баъди муҳорибаҳои дуру дароз бар рақиби дигари худ аз Русия дастболо гардида, соҳиби дуюмин шоҳҷоиза- мошини "Опел" гардид.
Бо хоҳиши мухлисону ҳаводорони куштии миллӣ яке аз шоҳҷоизаҳои дигари мусобиқа барои ду паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон- Хуршед Маҷидов ва Шарифҷон Назриев гузошта шуд, ки сабқати ин ду паҳлавон бе натиҷа, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Бо қарори ситоди доварон шоҳҷоизаи мазкур бо як миқдор маблағи пулӣ ба Мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб равона карда шуд.
Дар ин мусобиқа ҳазорон нафар ҳаводорони куштӣ аз гӯшаву канори кишвар ба ҳам омада, паҳлавонони дӯстдоштаи худро мухлисӣ карданд.