Интиқоди Фирӯз Рамазон аз гузориши ИМА оиди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: ғайривоқеъӣ

© AP / Gene J. PuskarФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Фирӯз Рамазон корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гузориши департаменти ИМА дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ғайривоқеъӣ хонд
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik.  Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Рамазон андешаҳои худро дар бораи гузориши охири ИМА оиди нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook нашр кардааст.
Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Мендкович: Ғарб ва ИМА мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором кунанд
Ӯ мегӯяд, гузориши Департаменти ИМА ғайривоқеъӣ буда дар асоси маълумоти бардурӯғ таҳия мешавад.
"Ба ҳамагон маълум аст, ки гузориши махсуси Департаменти ИМА, ки ҳамасола таҳия мешавад, як гузориши ғайривоқеъӣ буда, дар асоси хабари матбуот ва маълумоти бардурӯғ оид ба ин ё он кишвар омода мешавад.
Муаллифони гузориш интихоботи порлумонии моҳи март ва интихоботи президентӣ дар моҳи октябри соли гузаштаро дар Тоҷикистон хилофи "меъёрҳои байналмилалӣ" номидаанд.
Сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, аз рӯи инсоф, ИМА баъди маъракаи интихоботи президентии худ бояд умуман дар бораи "меъёрҳои байналмилалӣ" сухан нагӯяд.
"Ошкоро бояд гуфт, ки дахолати Амрико ба сиёсати дохилии кишвари дигар худ амали хилоф ба "меъёрҳои байналмилалӣ" мебошад", - мегӯяд Рамазон.
Ба гуфти сиёсатшинос дар Тоҷикистон ҳарду интихобот, парлумонӣ ва президентӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва, аз ҳама муҳим, дар фазои суботи комил баргузор гардиданд. Инро нозирони байналмилалӣ низ эътироф карданд. Баъди интихоботи президентӣ роҳбарони давлатҳои гуногун, аз ҷумла, худи Президенти вақти ИМА Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот номаи табрикотӣ  ирсол намуд.
© Аз бойгонии Фирӯз РамазонФирӯз Рамазон - корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон
Фирӯз Рамазон - корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Фирӯз Рамазон - корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон
Ӯ мегӯяд, департаменти давлатии Амрико иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки сарчашмаи асосии ҳокимият ва демократия аст, нодида гирифтааст.

Интихоботи Тоҷикистон бо дафу рубоб аз ИМА бо сангу чӯб

Ба гуфти сиёсатшинос, муаллифони ин гузориш аз он тарафи уқёнус шояд бар он андешаанд, ки мардуми кишварҳои ин тарафи уқёнус оид ба равандҳои сиёсии дохилии Амрико бехабаранд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ аз вазъи сиёсӣ ва хусусан раванди маъракаи интихоботи президентии Амрико тавассути ВАО огоҳ ҳастанд.
Ӯ мегӯяд, ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудааст, ки чӣ тавр эътирозгарон ва тарафдорони Доналд Трамп ба бенизомиҳо даст зада, ҳатто маркази қабули қарорҳои сиёсии Амрико – Капитолро забт карданд. Дар ин тазоҳуротҳо куштори одам низ ба қайд гирифта шуд.
"Агар дар Тоҷикистон шаҳрвандон бо дафу рубоб ба маъракаи интихобот баромаданд, дар ИМА ин маърака бо сангу чӯб ва оташ задани биноҳо анҷомид. Акнун худ қазоват кунед, кадом интихобот хилофи «меъёрҳои байналмилалӣ» гузаштааст", - гуфтааст Фирӯз Рамазон.
Сиёсатшинос бандҳои дигари гузоришро, ки гуфта мешавад, "шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта кам нашуд" ба чолиш кашдиааст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Лавров: ИМА кӯшиши заиф кардани иртиботи Тоҷикистону Русияро дорад
Ӯ суолгузорӣ кардааст, ки магар дар Амрико кам шудааст? Солҳои дароз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз даҳшатноктарин зиндони ҷаҳон – Гуантанамо ҳарф мезананд, ки дар он  бадтарин шиканҷаҳоро нисбати зиндониён раво мебинанд. Ҳатто яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии  президенти собиқи ИМА Барак Обама бастани ин зиндон буд, вале, мутаасифона, амалӣ нашуд.
Ҳамзамон, муаллифони гузориш дар маҳдудияти озодии баён низ Тоҷикистонро айбдор кардаанд. Хусусан, тағйирот ба қонун, ки ҷазо "барои пахши ахбори ғалат" дар бораи пандемияи коронавирусро пешбинӣ мекунад, маҳдудияти озодии баён унвон шудааст.
Саволе ба миён меояд, ки пурра бастани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии президент Доналд Трампро ин муаллифони гузориш чӣ унвон мекунанд? Оё ин маҳдудияти озодии баён нест? Ва дақиқан ӯро низ бо паҳн кардани маълумоти ғалат айбдор карданд. Пас мантиқ дар куҷост?
Дар хулоса Фируз Рамазон ба муаллифони гузориш маслиҳат додааст, ки ба таҳлили вазъи дохилии Амрико машғул шаванд ва ба сиёсати кишварҳои орому осуда дахолат накунанд.
Лентаи хабарҳо
0