https://sputnik.tj/20210403/Mendkovich-IMA-Osiyi-Markazi-noorom-1033128304.html
Мендкович: Ғарб ва ИМА мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором кунанд
Мендкович: Ғарб ва ИМА мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович шарҳ дод, ки саро Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида манфиатҳои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ лобби мекунанд 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T15:23+0500
2021-04-03T15:23+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
има
ғарб
ом
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/35/1028183583_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_eea67dc14f94783533d0133344595a67.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ, бавижа Иёлоти Муттаҳида, саъй доранд кишварҳои Осиёи Марказиро аз равобит бо Русия ва Чин бозпас гиранд, гуфт роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович.Ба унвони мисол, ӯ намунаи ҳаводиси соли 2019 бар зидди интихоби Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба раёсати ҷумҳурии Қазоқистон овард, ки онро сохторҳои таҳти назорати мақомоти давлатии ИМА роҳбарӣ мекарданд.Ба гуфтаи Мендкович, яке аз сабабҳо он аст, ки президенти ИМА Ҷо Байден ҷонибдори инқилобҳои ранга аст."Ҳатто қабл аз интихобот, вай дар назди мардум барои (нақшаҳо - таҳрир) тағир додани режимҳо дар ИДМ изҳори омодагӣ кард, то бо ин роҳ ба Маскав фишор оварад. Ин рӯирост гуфта шуд. Аз ин рӯ, ҳеҷ тааҷҷубовар нест, ки дар ниҳоят Иёлоти Муттаҳида корҳоро дар ин самт фаъол хоҳад кард. Зерро, мо бисёр кӯшишҳои ба ин монандро дар давраи маъмурияти кӯҳна мушоҳида кардем", - гуфт коршинос.Мендкович таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти худ омода шаванд. Аз ҷумла бо сабаби пандемияи коронавирусӣ, ки бо талафоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳама давлатҳо алоқаманд аст."Алоқамандони ҷанги эътирозӣ мавҷуданд, ки кӯшиш мекунанд ИМА ва муттаҳидони онро барои сарнагун кардани режимҳои марбут ба Русия истифода баранд. Истисно намекунам, ки чунин кӯшишҳо дар Тоҷикистон сурат гиранд, ки иқтисоди он аз коҳиши муносибатҳои байналмилалӣ ва қатъ шудани муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври ҷиддӣ зиён дидааст ",- гуфт коршинос.Вай афзуд, ки Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки ба чунин таҳдидҳо дучор меояд, зеро Ғарб ва ИМА ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказиро ҳадаф қарор медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210402/lavrov-ima-russia-tojikiston-1033123163.html
има
ғарб
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/35/1028183583_116:0:2847:2048_1920x0_80_0_0_3d6da9682ddb39ed78ef323367baf1e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, осиёи марказӣ, има, ғарб, ом, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, осиёи марказӣ, има, ғарб, ом, дар тоҷикистон
Мендкович: Ғарб ва ИМА мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором кунанд
15:23 03.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Роҳбари клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович шарҳ дод, ки саро Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида манфиатҳои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ лобби мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ, бавижа Иёлоти Муттаҳида, саъй доранд кишварҳои Осиёи Марказиро аз равобит бо Русия ва Чин бозпас гиранд, гуфт роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович.
"Онҳо мехоҳанд минтақаро ноором кунанд ё онро ба платмдарми зидди Русия ва Чин табдил диҳанд. Корҳои зиёде анҷом дода мешаванд, намунаҳои иғвоангезии инқилобҳои ранга, дастгирӣ тавассути маблағҳои амрикоии баъзе лоббистҳои сиёсӣ ва мухолифин мавҷуданд", - гуфт коршинос, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба унвони мисол, ӯ намунаи ҳаводиси соли 2019 бар зидди интихоби Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба раёсати ҷумҳурии Қазоқистон овард, ки онро сохторҳои таҳти назорати мақомоти давлатии ИМА роҳбарӣ мекарданд.
Ба гуфтаи Мендкович, яке аз сабабҳо он аст, ки президенти ИМА Ҷо Байден ҷонибдори инқилобҳои ранга аст.
"Ҳатто қабл аз интихобот, вай дар назди мардум барои (нақшаҳо - таҳрир) тағир додани режимҳо дар ИДМ изҳори омодагӣ кард, то бо ин роҳ ба Маскав фишор оварад. Ин рӯирост гуфта шуд. Аз ин рӯ, ҳеҷ тааҷҷубовар нест, ки дар ниҳоят Иёлоти Муттаҳида корҳоро дар ин самт фаъол хоҳад кард. Зерро, мо бисёр кӯшишҳои ба ин монандро дар давраи маъмурияти кӯҳна мушоҳида кардем", - гуфт коршинос.
Мендкович таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти худ омода шаванд. Аз ҷумла бо сабаби пандемияи коронавирусӣ, ки бо талафоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳама давлатҳо алоқаманд аст.
"Алоқамандони ҷанги эътирозӣ мавҷуданд, ки кӯшиш мекунанд ИМА ва муттаҳидони онро барои сарнагун кардани режимҳои марбут ба Русия истифода баранд. Истисно намекунам, ки чунин кӯшишҳо дар Тоҷикистон сурат гиранд, ки иқтисоди он аз коҳиши муносибатҳои байналмилалӣ ва қатъ шудани муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври ҷиддӣ зиён дидааст ",- гуфт коршинос.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки ба чунин таҳдидҳо дучор меояд, зеро Ғарб ва ИМА ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказиро ҳадаф қарор медиҳанд.