Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ширкат кард

© МИД РТ Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Имрӯз, дувуми апрел, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ширкат варзид. 
Тавре вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар ҷараёни мулоқот роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод муҳокима карданд.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Кишварҳои ИДМ: таҳрими кишварҳо нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст
Муҳриддин зимни суханронӣ муносибатҳои шарикии созандаро, ки байни давлатҳои аъзои ИДМ дар асоси принсипҳои эътимод ва эҳтироми тарафайн ба вуҷуд омадаанд. изҳор дошт.
"Тоҷикистон самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнокеро, ки раёсати Беларус дар ИДМ пешниҳод кардааст, дастгирӣ мекунад", - изҳор доштааст вай.
Вазир диққати иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоте, ки кишварҳои узви Иттиҳод бо сабаби пандемияи коронавируси нав дучор омадаанд, ҷалб намуд.
Дар ин замина, зарурати ҳамкории зич оид ба фарқияти омилҳои ноустувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар, таҳияи якҷояи равишҳои нав ва ғайристандартӣ зикр карда шуд.
Дар заминаи баррасии масъалаҳои амният, вазир оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи амалии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси феҳристи ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ мамнӯъ сухан гуфт.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Нақлиёт, муҳоҷират ва бозори умумии молиявӣ: ИДМ 30 сол пас ба кадом самт равона аст
"Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмиқи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ доимо аҳамияти калон медиҳад", - таъкид кард ӯ.
Зимни ҷаласа вазирон ҷараёни татбиқи Барномаи амалро оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2020 ва татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар доираи ИДМ барои соли 2020 баррасӣ карданд.
Тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ИДМ манфӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Муроҷиати Сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба халқҳои кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мувофиқа карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0