Кишварҳои ИДМ: таҳрими кишварҳо нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст

© Foto / Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМФлаги и эмблема Содружества Независимых Государств
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Вазирони умури хориҷаи Русия, Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар баёнияе истифода аз таҳримро ба унвони аҳроми фишор бар дигар кишварҳо маҳкум карданд ва онро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ донистанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ин баёния аз афзоиши иқдомоти якҷонибаи иҷборӣ, аз ҷумла иқдомоти иқтисодӣ алайҳи дигар кишварҳо ибрози нигаронӣ карданд.
Работа инвестиционной компании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ИДМ манфӣ шуд
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки бар асоси фасли ҳафтуми эъломияи Милали Муттаҳид эъмоли муҷозот алайҳи кишварҳо фақат аз ихтиёроти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.
Ташкили комиссияи ҳуқуқи башар дар ИДМ
Кишварҳои ИДМ ба аҳамияти асли мудохила накардан дар умури дохилии давлатҳои мустақил ишора ва изофа карданд, ки тибқи ин асл ҳар гуна мудохила бо ҳадафи сарнагунии давлатҳои қонунӣ ва ҳамчунин эъмоли фишор, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.
Раҳмон гуфт, баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ механдиданд: шарҳ дод, ки чаро
Ҳамаи кишварҳои имзокунандаи ин баёния ба ҷуз Туркманистон аъзои комили ИДМ ҳастанд, аммо Туркманистон бар асоси ҳуқуқи узвият дар он узв аст.
Лентаи хабарҳо
0