https://sputnik.tj/20210402/Nigaronii-qirgiziston-sanjish-Tojikiston-1033119361.html
Нигаронии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар марз: посухи Тоҷикистон
Нигаронии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар марз: посухи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои қирғизҳо аз ҷониби мақомоти тоҷик дар марз мегӯяд 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T11:48+0500
2021-04-02T11:48+0500
2021-04-19T16:54+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
ҳамаи хабарҳо
сиёсат
қирғизистон
санҷиш
ҳуҷҷатҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033119222_0:49:1200:724_1920x0_80_0_0_76a27d80bc339c7b32505f3562675acd.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Маскав дидору мулоқот карданд.Дар ин дидор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла аломатгузории хати марз ва масъалаи шаҳрвандии сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш баррасӣ шудааст.Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Қазоқбоев аз маълумот дар бораи тафтиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаи Лахши Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.Вазир гуфтааст, ки ба ӯ хабарҳо дар бораи аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон санҷида шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ дар минтақаи собиқ Ҷиргатол иқомат доранд, расидаанд.Ба гуфти вазири қирғиз, ҳангоми санҷиш аз онҳо талаб карда мешавад, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор кунанд ё Тоҷикистонро тарк намоянд.Ҷониби Қирғизистон хоҳиш кардааст, ки ин кор тибқи талаботи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, бидуни нақзи вазъи ҳуқуқии ҳамватанон ба роҳ монда шавад.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки масъалаҳои душаҳрвандиро танзим мекунад, дар бораи зарурати ба низом даровардани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳияҳои наздисарҳадиро ба миён гузоштааст.Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намудаанд.Ба зарурати идомаи мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад диққати махсус дода шуда, гуфтушунидҳо бояд дар ояндаи наздик баргузор шаванд.Ҷонибҳо мӯътақиданд, ки ба итмом расонидани бақайдгирии қонунии сарҳадҳои давлатӣ ба тамоми доираи муносибатҳои ду ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.Вазирон аҳамияти эҷоди эътимод байни халқҳоро, алахусус дар марз таъкид кардаанд."Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо ва фестивалҳои дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ ва дастгирии ақаллиятҳои қавмӣ ба роҳ монем", - омадааст дар хабарнома.
https://sputnik.tj/20210401/Tashiev-Zarifi-Vorukh-Botkand-1033114848.html
https://sputnik.tj/20210331/Vokunishi-Zarif-dodani-Vorukh-intiqodash-raisi-KDAM-1033105778.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033119222_86:0:1115:772_1920x0_80_0_0_112eccaab07355e1d24a0c9eef109b02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , қирғизистон, санҷиш, ҳуҷҷатҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , қирғизистон, санҷиш, ҳуҷҷатҳо, дар тоҷикистон
Нигаронии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар марз: посухи Тоҷикистон
11:48 02.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои қирғизҳо аз ҷониби мақомоти тоҷик дар марз мегӯяд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Маскав дидору мулоқот карданд.
Дар ин дидор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла аломатгузории хати марз ва масъалаи шаҳрвандии сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш баррасӣ шудааст.
Бино ба гузориши
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Қазоқбоев аз маълумот дар бораи тафтиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаи Лахши Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Вазир гуфтааст, ки ба ӯ хабарҳо дар бораи аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон санҷида шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ дар минтақаи собиқ Ҷиргатол иқомат доранд, расидаанд.
Ба гуфти вазири қирғиз, ҳангоми санҷиш аз онҳо талаб карда мешавад, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор кунанд ё Тоҷикистонро тарк намоянд.
Ҷониби Қирғизистон хоҳиш кардааст, ки ин кор тибқи талаботи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, бидуни нақзи вазъи ҳуқуқии ҳамватанон ба роҳ монда шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки масъалаҳои душаҳрвандиро танзим мекунад, дар бораи зарурати ба низом даровардани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳияҳои наздисарҳадиро ба миён гузоштааст.
Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намудаанд.
Ба зарурати идомаи мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад диққати махсус дода шуда, гуфтушунидҳо бояд дар ояндаи наздик баргузор шаванд.
Ҷонибҳо мӯътақиданд, ки ба итмом расонидани бақайдгирии қонунии сарҳадҳои давлатӣ ба тамоми доираи муносибатҳои ду ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.
Вазирон аҳамияти эҷоди эътимод байни халқҳоро, алахусус дар марз таъкид кардаанд.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо ва фестивалҳои дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ ва дастгирии ақаллиятҳои қавмӣ ба роҳ монем", - омадааст дар хабарнома.