https://sputnik.tj/20210401/Shirkati-auditori-BDO-ba-Ekovis-tabdil-yoft-1033113770.html
Ширкати аудитории "BDO" ба "Эковис" табдил ёфт
Ширкати аудитории "BDO" ба "Эковис" табдил ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати аудитории “БДО”, ки номашро ба “ЭКОВИС” табдил додааст, барои як сол иҷозатномаи фаъолият дод 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T13:20+0500
2021-04-01T13:20+0500
2021-04-20T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
иҷозатнома
фаъолият
ширкат
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуолти Бонки миллӣ қарори дахлдори раёсати Бонк санаи 26 марти соли равон, ба имзо расидааст.Гуфта шудааст, ки дар асоси Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бинобар сабаби иваз шудани номи ҶДММ "BDO" ба ҶДММ "ЭКОВИС" барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба мӯҳлати то 1 июни соли 2022 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд."Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ширкати аудитории "BDO" аз 21 июни соли 2017 беэътибор дониста мешавад.Роҳбарияти Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкӣ вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.Ширкати байналмилалии аудиторӣ ва машваратии "BDO" дар соҳаҳои аудит андозбандӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ, инчунин аутсорсинг хизмат мерасонад. Ин ширкат дар 154 кишвари дунё фаъолият дорад.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 11 ширкати аудиторӣ фаъолият дорад. Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод.Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон эълон дошта буд, ки ба ширкати "Тоҷик Эйр" барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ низ иҷозатнома дода шуд.
https://sputnik.tj/20210330/Bonki-milli-Sozidanie-Paymon-Inshurens-ijozatnoma-1033102599.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, иҷозатнома, фаъолият, ширкат, бонки миллӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, иҷозатнома, фаъолият, ширкат, бонки миллӣ
Ширкати аудитории "BDO" ба "Эковис" табдил ёфт
13:20 01.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 20.04.2021) Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати аудитории “БДО”, ки номашро ба “ЭКОВИС” табдил додааст, барои як сол иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуолти Бонки миллӣ қарори дахлдори раёсати Бонк санаи 26 марти соли равон, ба имзо расидааст.
Гуфта шудааст, ки дар асоси Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бинобар сабаби иваз шудани номи ҶДММ "BDO" ба ҶДММ "ЭКОВИС" барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба мӯҳлати то 1 июни соли 2022 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
"Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ширкати аудитории "BDO" аз 21 июни соли 2017 беэътибор дониста мешавад.
Роҳбарияти Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкӣ вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ширкати байналмилалии аудиторӣ ва машваратии "BDO" дар соҳаҳои аудит андозбандӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ, инчунин аутсорсинг хизмат мерасонад. Ин ширкат дар 154 кишвари дунё фаъолият дорад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 11 ширкати аудиторӣ фаъолият дорад.
- "Делойт и Туш";
- "Консультант аудит";
- "Бейкер Тилли Таджикистан";
- "Кроу Хорват ЭЙСИДЖИ";
- "Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Хайдер";
- "РСМ Таджикистан";
- "КРЕСТОН АС";
- "КПМГ Аудит";
- "Моор Стивенс";
- "Аудит Консалтинг";
- "ЭКОВИС".
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод.
Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон эълон дошта буд, ки ба ширкати "Тоҷик Эйр" барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ низ иҷозатнома дода шуд.