https://sputnik.tj/20210330/Bonki-milli-Sozidanie-Paymon-Inshurens-ijozatnoma-1033102599.html
Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Бонки миллӣ имрӯз ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T18:00+0500
2021-03-30T18:00+0500
2021-04-20T16:46+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
иҷозатнома
ширкат
ташкилот
фаъолият
раёсат
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033101969_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_c258bae568d212a6992d3106ae4adf49.jpg
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ахиран Раёсати Бонк дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарор қабул карда, ба ҶСП ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.Иттилоъ дода шудааст, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба директори ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.Роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро вазифадор кард, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.Ҳамзамон, имрӯз бо қарори навбатии Раёсати Бонк аз 26 марти соли 2021, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созидание" барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.Гуфта шудааст, ки роҳбарияти Бонк департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъорро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
https://sputnik.tj/20210330/Bonki-milli-shirkati-Tojik-Eyr-ijozatnoma--1033102399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033101969_51:0:939:666_1920x0_80_0_0_d131fbcaaedf0db4d2ba738cd96fc6fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, иҷозатнома, ширкат, ташкилот, фаъолият, раёсат, бонки миллӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, иҷозатнома, ширкат, ташкилот, фаъолият, раёсат, бонки миллӣ
Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
18:00 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 20.04.2021) Раёсати Бонки миллӣ имрӯз ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ахиран Раёсати Бонк дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарор қабул карда, ба ҶСП ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
Иттилоъ дода шудааст, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба директори ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро вазифадор кард, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Ҳамзамон, имрӯз бо қарори навбатии Раёсати Бонк аз 26 марти соли 2021, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созидание" барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Гуфта шудааст, ки роҳбарияти Бонк департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъорро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.