Суҳбати вазири Афғонистон: аз ҷангу сулҳ бо Толибон* то хуруҷи хориҷиҳо ва рафтани Ғанӣ

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Афганистана Ханиф Атмар
Глава МИД Афганистана Ханиф Атмар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷии Афғонистон, дар Душанбе ба суолҳо дар мавриди замони хориҷшавии нерӯҳои хориҷӣ, ҷангу сулҳ бо созмони мамнӯъи Толибон*, шартҳои рафтани Ғанӣ аз қудрат, хостаҳои Душанбе ва масоили дигар посух дод
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Вазири хориҷаи Афғонистон гуфт, ки кай нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд, аммо на 1 май, тавре дар Созишномаи Толибону Амрико тавофуқ шуда буд. 
Заключенные талибы во время их освобождения из тюрьмы Баграм, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидам
Ҳаниф Атмар, ки пас аз хатми конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” дар Душанбе бо рӯзноманигорон суҳбат мекард, ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло миёни кишварҳои минтақа ва ҷомиаи байнулмилалӣ ин иттифоқи назар ба миён омадааст, ки шароити хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон фароҳам нашудааст.
“Шумо дар конфронс шунидед, ки аксарияти кишварҳо таъкид карданд рӯи хуруҷи масъулона ва муназзами нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон. Ин ба он маъност, ки бар асоси мувофиқатнома, аввал дар Афғонистон бояд сулҳ барпо, тамоми террористони хориҷӣ аз Афғонистон берун шаванд ва дар пайи ин ҳама хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ сурат бигирад”, - гуфт вазири хориҷаи Афғонистон.
Бино ба Созишномаи Толибону ИМА, ки моҳи феврали соли 2020 ба имзо расида буд, нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон бояд то 1 майи соли 2021 ба куллӣ Афғонистонро тарк мекарданд. Аммо ахиран раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден изҳор дошт, ки нерӯҳои хориҷӣ омода нестанд ва Толибон гуфтанд, ки дар акси ҳол онҳоро низ ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор хоҳанд дод.
Полиция у ворот университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*
Ҳаниф Атмар гуфт, Толибон ҳоло ҳам ҷанг мекунанд, аммо на алайҳи амрикоиҳо, балки алайҳи мардум ва давлати Афғонистон, аз ин хотир, ҷанг ягон кори наве нест, ки онҳо мекунанд.
“Аммо гапи муҳим ин аст, ки 1 май барои амрикоиҳо танҳо аз лиҳози луҷистикӣ ва техникӣ як мушкил нест, балки аз дигар ҷиҳат мушкил аст. Масъала ин аст, ки Толибон бояд равобити худро бо терроризми байнулмилалӣ қатъ ва ҳам бо мардуму давлати Афғонистон сулҳ мекарданд. Аммо чунин коре нашуда. Биноан, давлати Амрико таъкид дорад, ки Толибон масъулиятҳо, тааҳҳудотеро, ки доштанд, бояд содиқона амалӣ кунанд”, - гуфт ӯ.

Толибон роҳи дигар надоранд

Ҳаниф Атмар дар бораи нишасти Туркия, ки қарор буд, моҳи апрел дар шаҳри Истамбул баргузор шавад ва нуқтаи ниҳоиро дар ҷанги 42 – солаи Афғонистон бигзорад, гуфт, то ба ҳол замон, барнома ва ҳайатҳои иштироккунандаи он муайян нашудаанд.
Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
“Тоза дар маҷлиси Душанбе ин мавзуъ матраҳ шуд, ки мо қабл аз ин ки рӯи листи иштироккунандаҳо ҳарф бизанем, аввал рӯи ин масъала гап бизанем, ки мо аз конфронси Туркия чӣ мехоҳем. Конфронси Душанбе возеҳ кард, ки аз конфронси Туркия ҳар чӣ зудтар хотима гузоштан ба ҷангу хунрезӣ, музокироти комёб, расидан ба як тавофуқи сиёсӣ ва дар пайи он як сулҳи боиззат ва пойдорро интизор дорем. Умедворем, мувофиқатномае ба имзо расад, ки мавриди замонати минтақаву ҷаҳон қарор бигирад”, - гуфт вазири корҳои хориҷии Афғонистон.
Ҳаниф Атмар гуфт, кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” дар Душанбе таъкид карданд, ки хости мардуму давлати Афғонистон ба хотири сулҳ, ҳифзи низом ва дастовардҳои 20 – солаи мардуми Афғонистон як хости барҳақ аст, дунё онро дастгирӣ мекунад ва прусаи сулҳ бояд мутлақан бар асоси ин хости барҳақ амалӣ шавад.
Аз ӯ суол шуд, ки агар Толибон ин қатъномаро напазиранд, чӣ хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, Толибон худро дар сатҳи миллӣ, минтақа ва ҷаҳон комилан мунзавӣ месозанд ва комилан дар азҳони омма ҳар навъи машруъияти идомаи ҷангро, ки аз даст додаанд, боз медиҳанд.
“Дар паҳлуи ин комилан аз ин гап бояд хабардор шаванд, ки агар қарор бошад як роҳи шарофатмандона ва роҳеро, ки машруъияти миллӣ ва байнулмилалӣ дошта бошад, ба хотири хатми ҷанг пайдо бикунанд, дар он сурат бояд ба ҳарфи конфронс гӯш кунанд. Онҳо роҳи дигар надоранд”, - гуфт Ҳаниф Атмар.

Хостҳои Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” дар Душанбе аз Толибон хосту тақозои возеҳ доштанд ва он ҳам ин буд, ки бо хости мардуми Афғонистон комилан дар мувофиқат қарор доранд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Раҳмон буҳрони Афғонистонро "таҳмилӣ" хонд
“Хости аввал, ҷангро бас кунед, хунрезиро қатъ кунед, журналистонро накушед, мардуми бегуноҳро мавриди ҳамалоти худ қарор надиҳед. Гапи дуввум, фавран ба мизи музокира баргардед ва музокираи бомафҳумро ба хотири як тавофуқи сиёсӣ анҷом бидиҳед ва ин тавофуқи сиёсӣ бояд бар бунёди Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва арзишҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон таъйид шавад”, - гуфт Ҳаниф Атмар.
Вай гуфт, интизороти ҳукумати Афғонистон аз нишасти кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” комилан бароварда шуд ва он чиро, ки мардуми Афғонистон мехоҳанд, мавриди ҳимояти комили минтақа ва ҷаҳон қарор гирифт.

Аз ҳукумати муваққат то шарти рафтани Ғанӣ

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, дар ҳошияи нишасти Душанбе гуфт, ки ҳукумати интиқолӣ метавонад як нуктаи муфид барои Афғонистон бошад. Аммо Ҳаниф Атмар ин суханони ӯро “назари як шахс” хонд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Вокуниши Толибон барои баргузории интихоботи зудҳангом дар Афғонистон
“Русия, тавре ба ман комилан возеҳан ҷаноби оқои Сергей Лавров, вазири хориҷа, гуфтанд, ояндаи низом дар Афғонистон мутааллиқ ба иродаи озоди мардуми Афғонистон аст. Иродаи озоди миллати Афғонистон сирфану сирфан аз роҳи интихобот метавонад амалӣ шавад. Албатта, ҳар кас метавонад назари худро дошта бошад. Аммо ин назари мардуми Афғонистон ва ҷомиаи байнулмилалӣ нест. Имрӯз шумо шунидед, ки ҳамагӣ ҳифзи низом ва ҳифзи дастовардҳоро мехоҳанд”, - гуфт ӯ.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, қаблан дар суханрониҳояш гуфта буд, ки розӣ аст, қудратро ба як ҳукумати сулҳ таслим кунад. Ҳаниф Атмар дар шарҳи ин гуфтаҳо гуфт, агар Толибон ҳозир шаванд оташбас кунанд, ҷангу хунрезиро мутаваққиф бисозанд ва ба як тавофуқи сиёсӣ бирасанд, ки аз роҳи интихобот иродаи миллат таъйин бишавад, раисҷумҳур ҳозир аст, ки интихоботи зудҳангомро баргузор кунад.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Суҳбати Карзай: аз тарҳи ИМА то дӯстию душмании Покистон ва пешниҳоди Русия - видео
“Ва ин интихоботи зудҳангом бо як нақши муҳим ва калони ҷомиаи байнулмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Ва то замони баргузории он интихобот низоми мавҷуд таҳти Қонуни Асосии мавҷуди мо ҳифз мешавад ва дар он метавонад ҷиноҳи мухолиф биёяд, иштирок бикунанд. Ҳар кас ки фикр мекунад, ки назари мардуми Афғонистон ва раъйи мардуми Афғонистонро доранд, биноан, интихобот маҳак ва озмоише ҳаст, ки онро анҷом бидиҳанд”, - гуфт Ҳаниф Атмар.
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ба Толибон ҳушдор доданд, ки агар шумо ба як сулҳу тавофуқ нарасед, ҳич навъ машрӯъияте дар идомаи кори худ нахоҳед дошт.
“Ин як паёми муҳим аст, ки ба Толибон расида”, - гуфт Ҳаниф Атмар.
30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе нӯҳумин нишасти вазирони хориҷии кишварҳои фароянди “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” баргузор шуд. Ҳадафи ин созмон мусоидат ба сулҳу субот ва рифоҳи иқтисодии Афғонистон аст. Ин конфронс ҳамасола таҳти раёсати Афғонистон, раиси доимӣ ва яке аз кишварҳои узв баргузор мешавад. Соли гузашта Тоҷикистон ҳамраис буд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0