https://sputnik.tj/20210330/Zarif-Iran-Tajikistan-dargirio-sulh-Afghanistan-talosh-1033097029.html
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар пойтахти Тоҷикистон гуфт, ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргирӣ дар Афғонистон аст 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T12:00+0500
2021-03-30T12:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
эрон
муҳаммадҷавод зариф
талош
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102383/14/1023831419_0:0:4000:2251_1920x0_80_0_0_41c2a3bdeac6e7c6768708fba0ee16d8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки шомгоҳи якшанбе барои ширкат дар конфронси “Қалби Осиё” ба Тоҷикистон рафтааст, дар бораи сулҳи Афғонистон гуфт, ки ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо дар Афғонистон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”."Бисёр хушҳолам, фурсате пайдо шуд то барои иҷлоси "Қалби Осиё" ва як сафари дуҷониба ба кишвари дӯст, ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон сафар кунам ва бо мақомоти Тоҷикистон ва дигар кишварҳо талоши муштарак кунем то битавонем ба бародарону хоҳарони худ дар Афғонистон, ки он ҳам кишваре ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамсоя аст, барои барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо кумак кунем”, - таъкид дошт Вазири умури хориҷаи Эрон дар Душанбе.Вай дар сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе дар бораи равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон низ бо мақомоти Душанбе гуфтугӯ хоҳад кард.Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба барномаи дидору музокироти худ бо мақомоти олии Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон равобити дерина ва бародарона аст, умедворам ин сафар битавонад барои тақвияту густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо саҳми хубе ифо кунад.15 кишвари узви “Қалби Осиё”, шомили Ҷумҳурии исломии Эрон,Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.Ҳамчунин Амрико, Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финландия, Олмон, Ироқ, Италия, Ҷопон, Норвегия, Полша, Испания, Шветсия ва Англия ҳам кишварҳои ҳомии “Қалби Осиё” ба шумор мераванд.Конфронси “Қалби Осиё” аз соли 2011 то 2019 дар Истанбул, Кобул, Алмаато, Пекин, Исломобод ва Бокӯ баргузор шудааст.
https://sputnik.tj/20210329/Mulooti-Zarif-va-Ramon-ch-guftand-1033096476.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102383/14/1023831419_303:0:3859:2667_1920x0_80_0_0_d6a4de4c8a9436e4a91cdaa1eb2a77ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эрон, муҳаммадҷавод зариф, талош, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эрон, муҳаммадҷавод зариф, талош, афғонистон
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
12:00 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазири умури хориҷаи Эрон дар пойтахти Тоҷикистон гуфт, ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргирӣ дар Афғонистон аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки шомгоҳи якшанбе барои ширкат дар конфронси “Қалби Осиё” ба Тоҷикистон рафтааст, дар бораи сулҳи Афғонистон гуфт, ки ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо дар Афғонистон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”.
"Бисёр хушҳолам, фурсате пайдо шуд то барои иҷлоси "Қалби Осиё" ва як сафари дуҷониба ба кишвари дӯст, ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон сафар кунам ва бо мақомоти Тоҷикистон ва дигар кишварҳо талоши муштарак кунем то битавонем ба бародарону хоҳарони худ дар Афғонистон, ки он ҳам кишваре ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамсоя аст, барои барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо кумак кунем”, - таъкид дошт Вазири умури хориҷаи Эрон дар Душанбе.
Вай дар сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе дар бораи равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон низ бо мақомоти Душанбе гуфтугӯ хоҳад кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба барномаи дидору музокироти худ бо мақомоти олии Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон равобити дерина ва бародарона аст, умедворам ин сафар битавонад барои тақвияту густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо саҳми хубе ифо кунад.
15 кишвари узви “Қалби Осиё”, шомили Ҷумҳурии исломии Эрон,Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.
Ҳамчунин Амрико, Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финландия, Олмон, Ироқ, Италия, Ҷопон, Норвегия, Полша, Испания, Шветсия ва Англия ҳам кишварҳои ҳомии “Қалби Осиё” ба шумор мераванд.
Конфронси “Қалби Осиё” аз соли 2011 то 2019 дар Истанбул, Кобул, Алмаато, Пекин, Исломобод ва Бокӯ баргузор шудааст.