https://sputnik.tj/20210330/Kushta-shudani-At-Tojik-farmondehon-balandpoya-Al-qoida-1033104095.html
Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*
Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон аз нобуд кардани ду узви баландпояи созмонҳои террористии “Ал Қоида” ва Толибон* гузориш додаанд, ки якеашро зодаи Тоҷикистон ном мебаранд 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T19:53+0500
2021-03-30T19:53+0500
2021-03-30T20:08+0500
ҳамаи хабарҳо
амният ва мудофиа
кушта
афғонистон
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211791_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c13a37f665ebdc93c749a69590b6db61.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Давлат Бек ат - Тоҷикӣ, як узви баландпояи созмони террористии “Ал-Қоида” дар пайи як амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон нобуд карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, ат – Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал – Қоида” дар музофоти Пактико ба қатл расонда шудааст. Ҳамроҳи Давлат Бек инчунин Ҳазраталӣ, аз фармондеҳони гуруҳи Толибон низ нобуд карда шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба мақомоти амниятии Афғонистон.Таъкид гардидааст, ки амалиёти нобудсозии ин ду фармондеҳ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар роҳ аз Ғазнӣ ба Пактико қарор доштаанд.Дар бархе аз расонаҳо аз Давлат Бек, чун шаҳрванди зодаи Тоҷикистон ном бурда шудааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нагардида, қаблан низ номаш расонаӣ нашуда буд.Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин ду нафар равобит миёни “Ал Қоида” ва Толибонро таъмин карда, гуруҳҳои мазкури террористиро бо силоҳ таъмин мекардаанду амалиёташонро тарҳрезӣ мекардаанд.Мақомоти Тоҷикистон то ҳол шарҳе дар ин бора ироа накардаанд, аммо вақтҳои охир дар маҷмуъ аз шиддат гирифтани фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ҳушдор дода буданд.*созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210329/marz-dusti-Rahmonu-Gani-muboriza-qochoq-terrorizm-1033093839.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211791_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_1ad0ff72b8cfc81b7a5e01b4ef8724a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, кушта, афғонистон, терроризм
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, кушта, афғонистон, терроризм
Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*
19:53 30.03.2021 (Навсозишуда: 20:08 30.03.2021) Мақомоти Афғонистон аз нобуд кардани ду узви баландпояи созмонҳои террористии “Ал Қоида” ва Толибон* гузориш додаанд, ки якеашро зодаи Тоҷикистон ном мебаранд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Давлат Бек ат - Тоҷикӣ, як узви баландпояи созмони террористии “Ал-Қоида” дар пайи як амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон нобуд карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ат – Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал – Қоида” дар музофоти Пактико ба қатл расонда шудааст. Ҳамроҳи Давлат Бек инчунин Ҳазраталӣ, аз фармондеҳони гуруҳи Толибон низ нобуд карда шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба мақомоти амниятии Афғонистон.
Таъкид гардидааст, ки амалиёти нобудсозии ин ду фармондеҳ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар роҳ аз Ғазнӣ ба Пактико қарор доштаанд.
Дар бархе аз расонаҳо аз Давлат Бек, чун шаҳрванди зодаи Тоҷикистон ном бурда шудааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нагардида, қаблан низ номаш расонаӣ нашуда буд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин ду нафар равобит миёни “Ал Қоида” ва Толибонро таъмин карда, гуруҳҳои мазкури террористиро бо силоҳ таъмин мекардаанду амалиёташонро тарҳрезӣ мекардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол шарҳе дар ин бора ироа накардаанд, аммо вақтҳои охир дар маҷмуъ аз шиддат гирифтани фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ҳушдор дода буданд.
*созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия