https://sputnik.tj/20210330/Tashkhisi-COVID-19-dubora-pulaki-shud-1033097662.html
Ташхиси COVID-19 дубора пулакӣ шуд: 120 сомонӣ гирифта мешавад
Ташхиси COVID-19 дубора пулакӣ шуд: 120 сомонӣ гирифта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ташхиси каронавирус дубора пулакӣ шуд. Аз сокиноне, ки азми сафар ба хориҷи кишвар доранд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ 120 сомонӣ барои ташхис... 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T11:35+0500
2021-03-30T11:35+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ташхис
кишварҳои хориҷӣ
сомонӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
муҳоҷират
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/46/1031244670_0:101:1920:1181_1920x0_80_0_0_b96b7a5062138da2deaf2c4368a5c085.jpg
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Қаблан моҳи декабри соли 2020, баъди он, ки омори расмии гирифторӣ ба COVID-19 ба поён расид, фармони Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон дар бораи ба таври ройгон гузаронидани ташхиси каронавирус (ПЦР) ба ҳамаи сокинон дар озмоишгоҳҳои ҳудудуи кишвар содир шуда буд.Аммо бо гузашти беш аз як моҳ ин фармони вазири тандурустӣ аз эътибор боз монда ва шурӯъ аз 12 январи соли ҷорӣ озмоиши каронавирус дубора пулакӣ шудааст.Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, музднок шудани ташхис дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар моҳи январ дар миён гузошта шудааст."Дар протоколи ҳамин ҷаласа дарҷ шудааст, ки Вазорати тандурустӣ якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи хизматрасонии ҳуҷраҳои вирусологӣ, ки аз ҷониби кормандони тиб дар фурудгоҳ ва сарҳадҳо амал мекунанд ба таври музднок ба роҳ монда шавад. Бо фармони вазири тандурустӣ ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши ташхиси COVID-19, дар озмоишгоҳҳои давлатӣ лар ҳама шаҳру навоҳии кишвар, 120 сомонӣ муқаррар шудааст", - гуфт сардори МНДСЭ.Абдумавлон Абдуллозода гуфт, ташхиси пулакӣ ба онҳое, ки азми сафар ба хориҷаро доранд мебошад. Онҳое, ки дар дохили кишвар вазъи саломатии худро муоина карданиянд гирифтани ташхиси каронавирус ройгон аст.Ба фарқ аз озмоишгоҳҳои давлатӣ, арзиши ин намуд ташхиси каронавирус дар ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла "Луқмони Ҳаким" ва "Диамед" 160 сомонӣ будааст. Ин намуди ташхис дар озмоишгоҳҳо аз луоби даҳон гирифта мешавад ва давоми 6-8 соат муайян шуда, давоми 72 соат ва ё 3 шабонарӯз эътибор дорад.Дар ҳоли ҳозир барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ доштани варақаи ин ташхис ҳатмӣ мебошад.Сардори МНДСЭ Суғд мегӯяд, шаҳрвандоне, ки аз берун ба ҳудуди кишвар ворид мешаванд дар ҳолати доштани варақаи ташхис, гузаронидани озмоиш ройгон мебошад.Бино ба иттилои манбаъ, аз моҳи майи соли 2020 баъди насб шудани таҷҳизоти лабараторӣ (ПЦР) беш аз 70 ҳазор сокин озмоиш шудааанд.Масъулони Раёсати тандурустии Суғд ахиран моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки давоми 9 моҳи хуруҷи бемории ҳамагири навъи COVID -19, дар ҳудуди вилоят 4392 ҳолати сирояти ин беморӣ сабт шуда аз ин шумор 30 нафар фавтидаанд.Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Идораи тандурустӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки ин беморӣ бештар аз ҳама дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва Истаравшан қайд шудааст.Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2020 дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар ба бемории каронавирус сироят шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.Вазорат мегӯяд, аз санаи 25 декабри соли 2020 ба ин тараф мавриди сироятёбӣ ба каронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210312/tojikiston-koronavirus-idm-1032992521.html
https://sputnik.tj/20210310/Tojikiston-voridot-nim-million-vaksinai-1032974208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/46/1031244670_106:0:1815:1282_1920x0_80_0_0_0cc1b13a78e2c05c6443b26a61e5e7dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ташхис, кишварҳои хориҷӣ, сомонӣ, муҳоҷират, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ташхис, кишварҳои хориҷӣ, сомонӣ, муҳоҷират, коронавирус
Ташхиси COVID-19 дубора пулакӣ шуд: 120 сомонӣ гирифта мешавад
11:35 30.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар Тоҷикистон ташхиси каронавирус дубора пулакӣ шуд. Аз сокиноне, ки азми сафар ба хориҷи кишвар доранд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ 120 сомонӣ барои ташхис гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Қаблан моҳи декабри соли 2020, баъди он, ки омори расмии гирифторӣ ба COVID-19 ба поён расид, фармони Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон дар бораи ба таври ройгон гузаронидани ташхиси каронавирус (ПЦР) ба ҳамаи сокинон дар озмоишгоҳҳои ҳудудуи кишвар содир шуда буд.
Аммо бо гузашти беш аз як моҳ ин фармони вазири тандурустӣ аз эътибор боз монда ва шурӯъ аз 12 январи соли ҷорӣ озмоиши каронавирус дубора пулакӣ шудааст.
Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, музднок шудани ташхис дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар моҳи январ дар миён гузошта шудааст.
"Дар протоколи ҳамин ҷаласа дарҷ шудааст, ки Вазорати тандурустӣ якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи хизматрасонии ҳуҷраҳои вирусологӣ, ки аз ҷониби кормандони тиб дар фурудгоҳ ва сарҳадҳо амал мекунанд ба таври музднок ба роҳ монда шавад. Бо фармони вазири тандурустӣ ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши ташхиси COVID-19, дар озмоишгоҳҳои давлатӣ лар ҳама шаҳру навоҳии кишвар, 120 сомонӣ муқаррар шудааст", - гуфт сардори МНДСЭ.
Абдумавлон Абдуллозода гуфт, ташхиси пулакӣ ба онҳое, ки азми сафар ба хориҷаро доранд мебошад. Онҳое, ки дар дохили кишвар вазъи саломатии худро муоина карданиянд гирифтани ташхиси каронавирус ройгон аст.
Ба фарқ аз озмоишгоҳҳои давлатӣ, арзиши ин намуд ташхиси каронавирус дар ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла "Луқмони Ҳаким" ва "Диамед" 160 сомонӣ будааст. Ин намуди ташхис дар озмоишгоҳҳо аз луоби даҳон гирифта мешавад ва давоми 6-8 соат муайян шуда, давоми 72 соат ва ё 3 шабонарӯз эътибор дорад.
Дар ҳоли ҳозир барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ доштани варақаи ин ташхис ҳатмӣ мебошад.
Сардори МНДСЭ Суғд мегӯяд, шаҳрвандоне, ки аз берун ба ҳудуди кишвар ворид мешаванд дар ҳолати доштани варақаи ташхис, гузаронидани озмоиш ройгон мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз моҳи майи соли 2020 баъди насб шудани таҷҳизоти лабараторӣ (ПЦР) беш аз 70 ҳазор сокин озмоиш шудааанд.
Масъулони Раёсати тандурустии Суғд ахиран моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки давоми 9 моҳи хуруҷи бемории ҳамагири навъи COVID -19, дар ҳудуди вилоят 4392 ҳолати сирояти ин беморӣ сабт шуда аз ин шумор 30 нафар фавтидаанд.
Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Идораи тандурустӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки ин беморӣ бештар аз ҳама дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва Истаравшан қайд шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2020 дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар ба бемории каронавирус сироят шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.
Вазорат мегӯяд, аз санаи 25 декабри соли 2020 ба ин тараф мавриди сироятёбӣ ба каронавирус ба қайд гирифта нашудааст.