https://sputnik.tj/20210312/tojikiston-koronavirus-idm-1032992521.html
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар додаҳои Кумитаи омори ИДМ, дар Тоҷикистон сатҳи пасти сироятшавӣ аз коронавирус байни кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T15:23+0500
2021-03-12T15:23+0500
2021-08-10T17:01+0500
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_0:133:2556:1571_1920x0_80_0_0_ee52b513036e3e09751a949f2ff224db.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи ками гирифторшавӣ ба коронавирус аввал шуд, хабар медиҳад Кумитаи омори Иттиҳод."Байни кишварҳое, ки аҳолиашон аз коронавирус камтар сироят ёфтаанд, Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт. Ҷои дувум Ӯзбекистон ва севумро Қазоқистон соҳиб шуданд. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Арманистон, Молдова ва Украина ба қайд гирифта шудааст", - гуфта мешавад дар хабар.Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз авалҳои январ ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.Бино бар омори ахир, дар кишвар 13 308 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 13 208 кас аз он шифо ёфтаанд. 90 кас қурбони коронавирус шуданд.Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои СУТ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 114,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, 2,5 миллион аз он фавтидаанд. Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ астДар кишварҳои ИДМ 6,7 миллион ҳолати коронавирус тасдиқ ёфта, шумораи ҳалокшудагон аз ин вирус ба 100 ҳазор расидааст.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳолатҳои марг дар Иттиҳод дар соли 2020 ба 15 дар сад афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210310/Tojikiston-voridot-nim-million-vaksinai-1032974208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_142:0:2414:1704_1920x0_80_0_0_87219ad8e8e485a50f04c267dab3da97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, коронавирус
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, коронавирус
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
15:23 12.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Бино бар додаҳои Кумитаи омори ИДМ, дар Тоҷикистон сатҳи пасти сироятшавӣ аз коронавирус байни кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи ками гирифторшавӣ ба коронавирус аввал шуд, хабар медиҳад Кумитаи омори Иттиҳод.
"Байни кишварҳое, ки аҳолиашон аз коронавирус камтар сироят ёфтаанд, Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт. Ҷои дувум Ӯзбекистон ва севумро Қазоқистон соҳиб шуданд. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Арманистон, Молдова ва Украина ба қайд гирифта шудааст", - гуфта мешавад дар хабар.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз авалҳои январ ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бино бар омори ахир, дар кишвар 13 308 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 13 208 кас аз он шифо ёфтаанд. 90 кас қурбони коронавирус шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои СУТ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 114,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, 2,5 миллион аз он фавтидаанд.
Дар кишварҳои ИДМ 6,7 миллион ҳолати коронавирус тасдиқ ёфта, шумораи ҳалокшудагон аз ин вирус ба 100 ҳазор расидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳолатҳои марг дар Иттиҳод дар соли 2020 ба 15 дар сад афзоиш ёфтааст.