https://sputnik.tj/20210310/Tojikiston-voridot-nim-million-vaksinai-1032974208.html
Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст
Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ воридоти як бастаи азими ваксинаи коронавирус ба нақша гирифта шудааст 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T10:17+0500
2021-03-10T10:17+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
воридот
эмгузаронӣ
аҳолӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860414_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7a56e17b9f2aff53a9d7aa76f3642410.jpg
ДУШАНБЕ, 10 март - Sputnik. Тоҷикистон то моҳи майи соли 2021 дар доираи механизми COVAX беш аз 620 ҳазор воя ваксина алайҳи сирояти коронавирус мегирад, гуфт намояндагии ИА дар ҷумҳурӣ."Тоҷикистон тавассути механизми COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ 624,000 воя ваксина мегирад", - омадааст дар изҳорот.Дафтари намояндагӣ мушаххас кард, ки бастаи ибтидоии ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя, ки рӯзи сешанбе ба Душанбе дастрас шуд, эмгузаронии тақрибан 3 дарсади аҳолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама кормандони тибро фаро мегирад.Тибқи гуфтаи ИА, механизми COVAX инчунин ба кишварҳои бенефитсиар кӯмаки техникӣ мерасонад, то маъракаи эмгузаронии самарабахшро таъмин кунанд.Ваксинаи ройгони Чин: Раҳмон изҳори сипос кардСафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон таъкид кард, ки ИА дастгирии ҷумҳуриро дар мубориза бо сироят идома медиҳад."Тавассути як барномаи нави чорсола, мо барои тақвияти соҳаи тандурустӣ дар солҳои оянда 52 миллион евро сармоягузорӣ мекунем" гуфт вай бо ишора ба Барномаи рушди солимии 2021-2025 бо маблағи 52,2 миллион евро, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад.Тибқи иттилои дафтар, барнома дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ карда мешавад.Ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба хидматрасонии босифати аввалияи тиббӣ ва дастгирӣ аз пешгирӣ ва назорати сироят мебошад.Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои ТоҷикистонЁдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел сабт шуда буд. Аз аввали моҳи январ ҳолатҳои нави ин беморӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
https://sputnik.tj/20210309/vaksina-AstraZeneca-Tojikiston-1032967462.html
https://sputnik.tj/20210304/vaksina-vazir-guruhi-kori-omuzish-1032940671.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860414_155:0:1595:1080_1920x0_80_0_0_91cffc2fd8beeab293545756279d4060.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, воридот, эмгузаронӣ, аҳолӣ, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, воридот, эмгузаронӣ, аҳолӣ, коронавирус
Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст
10:17 10.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар доираи COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ воридоти як бастаи азими ваксинаи коронавирус ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 март - Sputnik. Тоҷикистон то моҳи майи соли 2021 дар доираи механизми COVAX беш аз 620 ҳазор воя ваксина алайҳи сирояти коронавирус мегирад, гуфт намояндагии ИА дар ҷумҳурӣ.
"Тоҷикистон тавассути механизми COVAX то моҳи майи соли ҷорӣ 624,000 воя ваксина мегирад", - омадааст дар изҳорот.
Дафтари намояндагӣ мушаххас кард, ки бастаи ибтидоии ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя, ки рӯзи сешанбе ба Душанбе дастрас шуд, эмгузаронии тақрибан 3 дарсади аҳолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама кормандони тибро фаро мегирад.
Тибқи гуфтаи ИА, механизми COVAX инчунин ба кишварҳои бенефитсиар кӯмаки техникӣ мерасонад, то маъракаи эмгузаронии самарабахшро таъмин кунанд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон таъкид кард, ки ИА дастгирии ҷумҳуриро дар мубориза бо сироят идома медиҳад.
"Тавассути як барномаи нави чорсола, мо барои тақвияти соҳаи тандурустӣ дар солҳои оянда 52 миллион евро сармоягузорӣ мекунем" гуфт вай бо ишора ба Барномаи рушди солимии 2021-2025 бо маблағи 52,2 миллион евро, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад.
Тибқи иттилои дафтар, барнома дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба хидматрасонии босифати аввалияи тиббӣ ва дастгирӣ аз пешгирӣ ва назорати сироят мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел сабт шуда буд. Аз аввали моҳи январ ҳолатҳои нави ин беморӣ ба қайд гирифта нашудаанд.