Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1,5 миллиард доллар шудааст

© © Sputnik / Амир ИсаевМеждународная универсальная выставка-ярмарка "Таджикистан 2019"
Международная универсальная выставка-ярмарка Таджикистан 2019  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Афғонистон аз соли 1997 то инҷониб беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо Афғонистон дар давоми солҳои 1997-2020 маблағи 1 миллиарду 549 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Азми Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан ба Афғонистон
"Дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар ба зиёда аз 70 миллион доллари амрикоӣ расид.  Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе.
Ӯ таъкид намуд, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла муомилоти тиҷоратӣ, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохта шуда, мавриди истифода қарор доранд. Ба иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони пули ҳафтум дар минтақаи Кокул оғоз гардидааст.
"Феълан дар сарҳади ду давлат 4 нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, аз он ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозорҳои наздисарҳадии "Тем"-и шаҳри Хоруғ, "Ишкошим"-и ноҳияи Ишкошим, "Рузвай"-и ноҳияи Дарвоз ва "Хумроғӣ"-и ноҳияи Ванҷ фаъолият доранд", - иттилоъ дод Раҳмон.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар ноҳияҳои наздик ба сарҳад бо Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаасст, ки метавонанд барои рушди соҳибкорию тиҷорат миёни ду кишвар такондиҳанда бошанд.
Лентаи хабарҳо
0