https://sputnik.tj/20210330/Bonki-milli-shirkati-Tojik-Eyr-ijozatnoma--1033102399.html
Бонки миллӣ ба ширкати "Тоҷик Эйр" иҷозатномаи "вижа" дод
Бонки миллӣ ба ширкати "Тоҷик Эйр" иҷозатномаи "вижа" дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T17:00+0500
2021-03-30T17:00+0500
2021-04-20T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
тоҷик эйр
ширкат
иҷозатнома
қурби асъор
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/01/1013560125_0:132:1057:727_1920x0_80_0_0_937e7ee4403461575a39779da07b79c2.jpg
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Раёсати Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома барои се сол дода шудааст.Тибқи иттилои Бонки миллӣ қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 26 марти соли 2021, таҳти №49 ба имзо расидааст.Дар ин қарор гуфта шудааст, ки мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ҷиҳати анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.Инчунин роҳбарияти Бонки миллӣ мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.Бояд гуфт, ки "Тоҷик эйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.
https://sputnik.tj/20210215/tojik-eir-qarz-kormand-maosh-1032828074.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/01/1013560125_0:0:1057:793_1920x0_80_0_0_6377a52b781b160c8eadc52f109456fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, тоҷик эйр, ширкат, иҷозатнома, қурби асъор, бонки миллӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, тоҷик эйр, ширкат, иҷозатнома, қурби асъор, бонки миллӣ
Бонки миллӣ ба ширкати "Тоҷик Эйр" иҷозатномаи "вижа" дод
17:00 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 20.04.2021) Бонки миллии Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Раёсати Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома барои се сол дода шудааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 26 марти соли 2021, таҳти №49 ба имзо расидааст.
Дар ин қарор гуфта шудааст, ки мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ҷиҳати анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.
Инчунин роҳбарияти Бонки миллӣ мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Бояд гуфт, ки "Тоҷик эйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.