https://sputnik.tj/20210327/Bayden-Putin-muzokirot-davat-1033085910.html
Байден Путинро ба музокирот даъват кард
Байден Путинро ба музокирот даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз як моҳ дар Амрико нишасти иқлим баргузор мешавад, ки дар кори он сарони даҳҳо давлатҳо даъват карда мешаванд. Ин музокирот дар фазои маҷозӣ баргузор... 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T14:50+0500
2021-03-27T14:50+0500
2021-03-27T14:15+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷо байден
владимир путин
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986511_0:0:3107:1748_1920x0_80_0_0_8440da8622884ac7ae9a762e0539cc0b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кишвардори Амрико Ҷо Байден ахиран ҳамтои худ Владимир Путинро ба музокирот даъват намудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Кохи сафед.Дар баробари Путин даъвати Байденро ҳамчунин сарони 40 давлати ҷаҳон, ки дар музокироти иқлим иштирок мекунанд, дарёфт намуданд. Ин музокирот рӯзҳои 22-23 апрел дар Амрико дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад.Қаблан Байден ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар байни даъватшудагон ба нишасти қарибулвуқӯи иқлим, раҳбарони Русия ва Чин низ ҳастанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки онҳо аз ин огоҳанд, гарчанде ки ҳоло ин масъаларо шахсан бо онҳо баррасӣ накардааст.Тибқи рӯйхати нашркардаи Кохи Сафед, ба ин ҳамоиш сарони Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон даъват шудаанд.Президенти Украина дар рӯйхат нест.Мушовири собиқи президент: бо сабаби хатоҳои Байден, ҳама ИМА-ро тамасхур мекунандВашингтон гуфт, ин ҳамоиш, ки онлайн пахш мешавад, фаврият ва манфиатҳои иқтисодии амалҳои қавитари ҷаҳонро дар масъалаҳои иқлим нишон медиҳад.Қаблан мақомоти Амрико гуфта буданд, ки музокироти моҳи апрел ба муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои коҳиши партобҳои зараровар ба муҳити атроф тамаркуз хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210322/VUKh-Rusiya-IMA-rahoi-bunbast-1033049104.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986511_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_be7d26a470f266dbc8a3f0b466533671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , ҷо байден, владимир путин, даъват
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , ҷо байден, владимир путин, даъват
Байден Путинро ба музокирот даъват кард
Пас аз як моҳ дар Амрико нишасти иқлим баргузор мешавад, ки дар кори он сарони даҳҳо давлатҳо даъват карда мешаванд. Ин музокирот дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кишвардори Амрико Ҷо Байден ахиран ҳамтои худ Владимир Путинро ба музокирот даъват намудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Кохи сафед.
Дар баробари Путин даъвати Байденро ҳамчунин сарони 40 давлати ҷаҳон, ки дар музокироти иқлим иштирок мекунанд, дарёфт намуданд. Ин музокирот рӯзҳои 22-23 апрел дар Амрико дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад.
Қаблан Байден ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар байни даъватшудагон ба нишасти қарибулвуқӯи иқлим, раҳбарони Русия ва Чин низ ҳастанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки онҳо аз ин огоҳанд, гарчанде ки ҳоло ин масъаларо шахсан бо онҳо баррасӣ накардааст.
Тибқи рӯйхати нашркардаи Кохи Сафед, ба ин ҳамоиш сарони Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон даъват шудаанд.
Президенти Украина дар рӯйхат нест.
Вашингтон гуфт, ин ҳамоиш, ки онлайн пахш мешавад, фаврият ва манфиатҳои иқтисодии амалҳои қавитари ҷаҳонро дар масъалаҳои иқлим нишон медиҳад.
Қаблан мақомоти Амрико гуфта буданд, ки музокироти моҳи апрел ба муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои коҳиши партобҳои зараровар ба муҳити атроф тамаркуз хоҳад кард.