https://sputnik.tj/20210322/VUKh-Rusiya-IMA-rahoi-bunbast-1033049104.html
ВКХ: Байден даъвати Путин барои суҳбати рӯбарӯро рад карду фурсати дигареро аз даст дод
ВКХ: Байден даъвати Путин барои суҳбати рӯбарӯро рад карду фурсати дигареро аз даст дод
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди баргузории музокиротро сарфи назар кард: Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори ноумедӣ кард, ки муносибатҳо дар ҳоли сарбаста боқӣ... 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T16:11+0500
2021-03-22T16:11+0500
2021-03-22T16:34+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
сиёсат
има
суҳбат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_96c31393a4ae9fa138501165f3bdb09a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба радди ИМА аз гуфтушунид байни президентҳои ду кишвар изҳори назар кард."Мо бо таассуф изҳор медорем, ки ҷониби Амрико пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи гуфтугӯ бо президенти ИМА Ҷозеф Байден дар шакли видеоконфронс ва пахши мустақим дастгирӣ накард", - гуфта мешавад дар паём.Гуфта мешавад, ки санаи 19 ё 22 март барои гуфтушунид пешниҳод шудааст. Мавзӯи муколамаи байни президентҳо мушкилоти ҷамъшудаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА буд."Имкони дигаре барои ёфтани роҳи халосӣ дар бунбасти муносиботи Русия ва Амрико, ки Вашингтон ба вуҷуд овардааст, аз даст дода шудааст", - илова шудааст дар изҳорот.Вазорати корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки масъулияти вайрон кардани музокирот комилан ба дӯши Иёлоти Муттаҳида аст.Байден иқрор шуд, ки ноиби президент Камала Харрис аз ӯ донотар астЁдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия қаблан барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар равобит бо ИМА президенти он кишвар Байденро барои гуфтугӯи рӯбарӯ дар пахши мустақим даъват карда буд.
https://sputnik.tj/20210322/khato-Bayden-IMA-tamaskhur-1033045838.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_b2425eb71143b16414f8e002a7bbb71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , има, суҳбат
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , има, суҳбат
ВКХ: Байден даъвати Путин барои суҳбати рӯбарӯро рад карду фурсати дигареро аз даст дод
16:11 22.03.2021 (Навсозишуда: 16:34 22.03.2021) Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди баргузории музокиротро сарфи назар кард: Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори ноумедӣ кард, ки муносибатҳо дар ҳоли сарбаста боқӣ монданд
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба радди ИМА аз гуфтушунид байни президентҳои ду кишвар изҳори назар кард.
"Мо бо таассуф изҳор медорем, ки ҷониби Амрико пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи гуфтугӯ бо президенти ИМА Ҷозеф Байден дар шакли видеоконфронс ва пахши мустақим дастгирӣ накард", - гуфта мешавад дар паём.
Гуфта мешавад, ки санаи 19 ё 22 март барои гуфтушунид пешниҳод шудааст. Мавзӯи муколамаи байни президентҳо мушкилоти ҷамъшудаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА буд.
"Имкони дигаре барои ёфтани роҳи халосӣ дар бунбасти муносиботи Русия ва Амрико, ки Вашингтон ба вуҷуд овардааст, аз даст дода шудааст", - илова шудааст дар изҳорот.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки масъулияти вайрон кардани музокирот комилан ба дӯши Иёлоти Муттаҳида аст.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия қаблан барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар равобит бо ИМА президенти он кишвар Байденро барои гуфтугӯи рӯбарӯ дар пахши мустақим даъват карда буд.