https://sputnik.tj/20210325/Nakhustnamoish-Sadoi-qu-dar-Konibodom-1033071021.html
Нахустнамоиши "Садои Қу" дар Конибодом, ки дар фазои маҷозӣ таҳия шудааст
Нахустнамоиши "Садои Қу" дар Конибодом, ки дар фазои маҷозӣ таҳия шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, ки дар Лондон қарор дорад, дар давраи ҳамагирии коронавирус тариқи онлайн бо ҳунарнмадони тоҷикистонӣ саҳнаи нав омода кардааст 25.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-25T14:52+0500
2021-03-25T14:52+0500
2021-03-25T14:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
конибодом
театр
намоиш
нахустнамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101781/01/1017810125_0:15:1999:1145_1920x0_80_0_0_15c9072ee64b3945f2db3360f7cf0194.jpg
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Нахустнамоиши "Садои Қу"- дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март баргузор мегардад.Намоиши мазкур дар давраи пондемия бо таври онлайн-таҳия шудааст."Аниқтараш коргардон Авлиёқулӣ, ки дар Лондон царор дорад бо ҳунармандон аз театри Конибодом тариқи онлайн саҳнаро омода кардаанд. То ин муддат онҳо се намоиши дигар бо номҳои "Ваҳваҳабонувон", "Суди девонагон" ва "Қобил"- таҳия намуда буданд", - омадааст дар хабарнома.Аммо ба таври онлайн таҳияи намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст. Намоиши "Садои Қу"- аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди А П Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омадааст.Матнҳоро худи коргардон банду баст кардааст. Мусиқии дар намоиш истифодашуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайкоский мебошад.Руйи саҳна ҳамагӣ се ҳунаранди ҷавони театр нақш меофаранд - Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров.Минбаъд роҳбарияти театр тасмим доранд ҳар ҳафта рӯзи шанбе анъанаи ду сол пеш будаи театрро дубора дар шаҳри Конибодом зинда кунанд.
https://sputnik.tj/20170502/1022206084.html
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101781/01/1017810125_0:0:1999:1258_1920x0_80_0_0_040c9a59050ba104ce0bc2122949ce60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, конибодом, театр, намоиш, нахустнамоиш
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, конибодом, театр, намоиш, нахустнамоиш
Нахустнамоиши "Садои Қу" дар Конибодом, ки дар фазои маҷозӣ таҳия шудааст
14:52 25.03.2021 (Навсозишуда: 14:54 25.03.2021) Коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, ки дар Лондон қарор дорад, дар давраи ҳамагирии коронавирус тариқи онлайн бо ҳунарнмадони тоҷикистонӣ саҳнаи нав омода кардааст
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Нахустнамоиши "Садои Қу"- дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март баргузор мегардад.
Намоиши мазкур дар давраи пондемия бо таври онлайн-таҳия шудааст.
"Аниқтараш коргардон Авлиёқулӣ, ки дар Лондон царор дорад бо ҳунармандон аз театри Конибодом тариқи онлайн саҳнаро омода кардаанд. То ин муддат онҳо се намоиши дигар бо номҳои "Ваҳваҳабонувон", "Суди девонагон" ва "Қобил"- таҳия намуда буданд", - омадааст дар хабарнома.
Аммо ба таври онлайн таҳияи намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст. Намоиши "Садои Қу"- аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди А П Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омадааст.
Матнҳоро худи коргардон банду баст кардааст. Мусиқии дар намоиш истифодашуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайкоский мебошад.
Руйи саҳна ҳамагӣ се ҳунаранди ҷавони театр нақш меофаранд - Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров.
Минбаъд роҳбарияти театр тасмим доранд ҳар ҳафта рӯзи шанбе анъанаи ду сол пеш будаи театрро дубора дар шаҳри Конибодом зинда кунанд.