Театри Конибодом 100-солагии Туҳфа Фозиловаро як ҳафта ҷашн мегирад

© Фото : FacebookНамоишномаи Қорӣ- ишкамба дар театри Конибодом
Намоишномаи Қорӣ- ишкамба дар театри Конибодом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар Тоҷикистон 100-умин солгарди зодрӯзи ҳунарманди маъруфи тоҷик Туҳфа Фозилова ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар зодгоҳи ин бонуи ҳунарманд - шаҳри Конибодом барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ баргузор шуда ва ин ҳафта намоишномаҳое иҷро карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ба муносибати 100-умин солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Туҳфа Фозилова ва 85-умин солгарди бунёди Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом бо ибтикори ҳайъати эҷодии ин намоишсаро ҳафтаи аввали моҳи май дар ин шаҳр "Ҳафтаи театр" эълон гардидааст.

Чуноне ки Шаҳригул Сиддиқова, масъули бахши фарҳангии шаҳрдории Конибодом ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод,  дар чорчӯби ҳафтаи театр  дар шаҳр шаш намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Вай афзуд, ки "Ҳафтаи театр" аз 1-ум то 6-уми майро дар бар мегирад.

Дар ин ҳафта намоишномаҳои "Модар —Ватан", "Додгоҳи девонаҳо", "Модар, ман зан мегирам", "Ваҳваҳабонувон",  "Маша ва Хирс" ва "Қорӣ-ишкамба" иҷро хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи масъули бахши фарҳангии шаҳрдорӣ, назар ба солҳои пеш талабот ба театр афзудааст ва мардум рӯ ба театр овардаанд. Нархи билет 10 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи Шаҳригул Сиддиқова, театр бо кадрҳои нав эҳтиёҷ надошта, пурра бо кадрҳои ҷавони соҳиби ихтисос таъмин мебошанд. 

"Ба ҳама маълум аст ки сохтмони театрамон таъмирталаб аст ва бомҳо мечаканд. Аммо таҷдиди бино дар мадди назари ҳукумат қарор дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки театр аз нав сохта ба истифода дода шавад", — гуфт вай.

Ҷашнвораи Парасту- 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи “Парасту- 2017” насиби Театри ҷавонон гардид

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ бахшида ба 100-солагии ҳунарманди тоҷик Туҳфа Фозилова дар толори театри Конибодом ҷашни 85—солагии театр ва 100—солагии ҳунарпешаи номии Тоҷикистон Туҳфа Фозилова баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳукумати шаҳр, аз ҷумла раиси шаҳр, кормандони собиқадори театр ва намояндагони фарҳангу сокинон ширкат варзиданд.

Тӯҳфа Фозилова —  сарояндаи опера, актёри театр ва кинои тоҷик аст.Вай Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон,  Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Ҳӯравӣ  ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  мебошад.

Тӯҳфа Фозилова 25-уми апрели соли 1917 дар Конибодом ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии ҳунарманд  аз Театри мусиқӣ-драмавии Конибодом соли 1930 сар шудааст.

Солҳои 1934-1940 дар Театри мусиқии тоҷик, сипас 1940-1948 дар Театри давлатии академии опера ва болети ба номи Садриддин Айнӣва минбаъд то соли 1985 дар еатри давлатии академии опера ва болети ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Дар филмҳои киностудияи "Тоҷикфилм"-  "Дохунда" (1956), "Зумрад" (1961), "Имрӯз ва доимо" (1981,) ва "Узбекфилм" низ нақшҳои ҷолиберо офаридааст.

Сурудҳои иҷронамудаи ӯ мафтуни мухлисон гашта буданд. Дар бораи ӯ ду филм — "Тӯҳфаи мо" ва "Сирри ҳунарпеша" ба навор гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0