https://sputnik.tj/20210325/Amorot-atr-ba-nomi-Amadshoi-Masud-1033071566.html
Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд
Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати маъруфи аморотӣ ба номи "Ғизол" (Ghazal) шишаи атреро аз таркиботи муаттаре ба номи “Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ” тавлид намудааст 25.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-25T15:42+0500
2021-03-25T15:42+0500
2021-03-25T15:47+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
аҳмадшоҳи масъуд
амороти муттаҳидаи араб
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:97:1024:673_1920x0_80_0_0_5095de707ade4ca9da25520ed2bd96d0.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд, ки рӯйи шишаи он акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз иқдоми арзишманд ва арҷманди кампании "Ғизол" барои бузургдошти номи Аҳмадшоҳ Масъуд қадрдонӣ менамоем. Вай афзуд, тавлиди шишаи атрӣ дар Аморот ба номи Масъуд ё ба ёди Масъуд, ҳама гувоҳи ин аст, ки инсонҳои бузург мероси муштараки ҷаҳони инсониятанд.Рӯйи шишаи атру қуттии "Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ" дизайни зебои акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. Як сафҳаи маълумотӣ дар мавриди Қаҳрамони миллӣ ба забон форсӣ ва англисӣ низ замимаи ин баста мебошад.Раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд мегӯяд, ин, ки Аҳмадшоҳ Масъудро донишмандони сиёсатварз фазилатгаро гуфтаанд, баноҳақ нест."Гузашта аз тааллуқоти фарҳангӣ, қавмӣ, кишварӣ, динӣ ва забонӣ, ин навъ инсонҳо марзҳои макону фосилаҳои замонро мишикананд, бо ҳам арзишҳои муштараки инсониятро рақам мезананд ва мероси мондагори ҷаҳони инсоният мешаванд. Ба ҳамин далел, касоне дар гӯшаву канори ҷаҳон ба гунае худро дар оинаи ин бузургони роҳи инсоният мебинанд ва орзу микунанд қаламе ё қадаме дар ҳамин масир бардоранд", - гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.Тайи як соли ахир дар Порис ҷодае ба номи Масъуд номгузорӣ шуд, китобе дар Лондон ба номи "Наполеони Афғонистон" ба чоп расид ва маҳаллае ҳам дар Исломобод ба номи ӯ гузошта шуд.Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, 9 сентябри соли 2001 дар шаҳраки Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор аз сӯи ду террористи араб ба шаҳодат расида буд.Дар ин тавтиаи таърихӣ, ба бовари таърихнигорону манобеъи расмӣ, кишварҳои зиёде, аз ҷумла Фаронсаву Инглистон, Амороти муттаҳидаи арабу Покистон, ки ҳамагӣ ошкору пинҳон аз Толибон ҳимоят мекарданд, саҳм доштанд.
https://sputnik.tj/20210301/safir-aghbar-zuhurov-rahmon-ahmadshoh-afghoniston-1032898059.html
амороти муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_a22b5c9753e166c34b285cbb6b219daf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, аҳмадшоҳи масъуд, амороти муттаҳидаи араб, тавлид
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, аҳмадшоҳи масъуд, амороти муттаҳидаи араб, тавлид
Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд
15:42 25.03.2021 (Навсозишуда: 15:47 25.03.2021) Ширкати маъруфи аморотӣ ба номи "Ғизол" (Ghazal) шишаи атреро аз таркиботи муаттаре ба номи “Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ” тавлид намудааст
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд, ки рӯйи шишаи он акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст.
Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз иқдоми арзишманд ва арҷманди кампании "Ғизол" барои бузургдошти номи Аҳмадшоҳ Масъуд қадрдонӣ менамоем. Вай афзуд, тавлиди шишаи атрӣ дар Аморот ба номи Масъуд ё ба ёди Масъуд, ҳама гувоҳи ин аст, ки инсонҳои бузург мероси муштараки ҷаҳони инсониятанд.
"Умедворем ин ибтикороти фарҳангӣ барои густариш ва ниҳодина сохтани омӯзаҳои мондагори Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаклҳо ва гунаҳои мутанаввеъ дар саросари ҷаҳон идома ёбад, ки ҳама боиси сарафрозии Афғонистон мебошанд", - гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.
Рӯйи шишаи атру қуттии "Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ" дизайни зебои акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. Як сафҳаи маълумотӣ дар мавриди Қаҳрамони миллӣ ба забон форсӣ ва англисӣ низ замимаи ин баста мебошад.
Раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд мегӯяд, ин, ки Аҳмадшоҳ Масъудро донишмандони сиёсатварз фазилатгаро гуфтаанд, баноҳақ нест.
"Гузашта аз тааллуқоти фарҳангӣ, қавмӣ, кишварӣ, динӣ ва забонӣ, ин навъ инсонҳо марзҳои макону фосилаҳои замонро мишикананд, бо ҳам арзишҳои муштараки инсониятро рақам мезананд ва мероси мондагори ҷаҳони инсоният мешаванд. Ба ҳамин далел, касоне дар гӯшаву канори ҷаҳон ба гунае худро дар оинаи ин бузургони роҳи инсоният мебинанд ва орзу микунанд қаламе ё қадаме дар ҳамин масир бардоранд", - гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.
Тайи як соли ахир дар Порис ҷодае ба номи Масъуд номгузорӣ шуд, китобе дар Лондон ба номи "Наполеони Афғонистон" ба чоп расид ва маҳаллае ҳам дар Исломобод ба номи ӯ гузошта шуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, 9 сентябри соли 2001 дар шаҳраки Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор аз сӯи ду террористи араб ба шаҳодат расида буд.
Дар ин тавтиаи таърихӣ, ба бовари таърихнигорону манобеъи расмӣ, кишварҳои зиёде, аз ҷумла Фаронсаву Инглистон, Амороти муттаҳидаи арабу Покистон, ки ҳамагӣ ошкору пинҳон аз Толибон ҳимоят мекарданд, саҳм доштанд.