Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико

 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Обуна шудан
Сафири Афғонистон нақши Масъудро дар сулҳи Тоҷикистон муҳим медонад, сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро таҳсин мегӯяд ва умед дорад, ки кишвараш мисли Тоҷикистон бар ҷанг пирӯз мешавад
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Сафири фавқуллода ва мухтори Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба муносибатҳои кишвараш бо Тоҷикистон некбин аст: ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳамчун ҳамсоя дар назди Афғонистон мавқеи хос дорад.
Дирӯз ҳаъйате аз парлумони Афғонистон, бо роҳбарии раиси парлумони ҷумҳурӣ Мир Раҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуданд. Чанд рӯз пештар бошад, як хабар дар бораи хабаргирии сафир Ағбар аз ҳоли генерали номии тоҷик Саидамир Зуҳуров расонаӣ гашт.
© Сафорати Афғонистон дар ТоҷикистонСафири Афғонистон ба дидори генерал Саидамир Зуҳуров рафт
Сафири Афғонистон ба дидори генерал Саидамир Зуҳуров рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Сафири Афғонистон ба дидори генерал Саидамир Зуҳуров рафт
Sputnik Тоҷикистон дар ин ҳошия бо сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар мусоҳиба кард.
Ҷаноби сафир дар ин сӯҳбат аз муносибати ҳасанаи Тоҷикистону Афғонистон, мавқеи Зуҳуров,  хизматҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи Тоҷикистон, сиёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сафараш ба Хоруғ, мушкилии сарҳади ду кишвар, ҷанг дар Афғонистон, "Толибон" (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон), гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ва сиёсати Амрико дар кишвараш гуфт.

Вақте Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон моемад, Саидамир Зуҳуров ҳар он чизеро ки метавонист, барояш мекард

Муҳаммад Зоҳир Ағбар яке аз сиёсатмадорони афғонистонӣ аст, ки ҳанӯз то таъин шуданаш ба сифати сафир, сукунат дар Тоҷикистонро ихтиёр карда буд.
Аммо, тавре вай мегӯяд, шиносоии ӯ бо шахсияти Саидамир Зуҳуров, генерали мастаъфии Тоҷикистон ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рост меояд, ки он вақт Муҳаммад Зоҳир роҳбари бахши амнияти ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд буд. 
"Оқои Зуҳуров яке аз чеҳраҳои дурахшон, яке аз чеҳраҳои боиззат аст. Ман талоши ӯро барои ҳамсояаш Афғонистон ва бахусус, мавзеъгирии ӯро чӣ дар айёми ҷанг, чӣ пас аз он ҳаргиз фаромӯш намекунем", - таъкид мекунад сафир.
Дар ёд дорам, ки Зуҳуров ҳамеша аз қаҳрамони миллии Афғонистон ёд мекард ва аз аҳволи ӯ пурсон мешуд, вақте ки Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон меомад, Зуҳуров ҳар он чи ки метавонист, аз  эҳтиром ва ҳурмат барояш иҷро мекард, меафзояд ӯ.
Сафир Ағбар мегӯяд, ки соле пеш мехост ба хабаргирии Саидамир Зуҳуров равад, аммо бинобар бад будани вазъи саломатии Зуҳуров, натавонист, сипас коронавирус садди роҳаш гашт ва ниҳоят дар арафаи артиши миллӣ ин мақсадашро иҷро кард. 
© GramhoАхмад Шах Масуд
Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Ахмад Шах Масуд
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, як акси Масъуд, ки дар пештоқи манзили генерал овезон буд, бисёр мутаассир шуд.
"Акси қаҳрамони миллӣ ва писараш, ки он вақт кӯдак буд, дар болои хонааш насб шуда буд, ин ниҳояти эҳтироми Зуҳуровро ба қаҳрамони миллии Афғонистон нишон медод. Зуҳуров дар сӯҳбат таъкид мекард, ки мо як мардуму як миллат ҳастем", - афзуд вай.

"Равед сулҳ кунед, ки ҷанг зери ливои ислом вориди Тоҷикистон нашавад"

Ағбар вақте хотираҳояшро аз замони ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар сулҳ ва нақши Зуҳуров дар он варақгардон кард, аз як ҷаласаи Аҳмадшоҳ бо ҳайъати мухолифини тоҷик ёдрас шуд ва гуфт, ки "дар сулҳи Тоҷикистон Масъуд ва собиқ раисҷумҳури кишвар Бурҳониддин Раббонӣ калон аст".
"Ман ба ёд дорам, ки ҳабиб (ишора ба Масъуд - идора) як вақт мухолифини тоҷикро дар Кобул ҷамъ кард, ки дар ҳайъат он Абдуллои Нурӣ, Қиёмуддини Қиём, Мулло Абдураҳим ва як нафар бо лақаби Ризвон буданд. Ӯ ба ҳамаашон хитоб кард ва гуфт, ҷанге, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, ман ҳаргиз намехоҳам зери ливои ислом ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Кифоят мекунад, ки кишвари моро бо роҳи фиреб вайрон карданд. Равед, дар кишваратон сулҳ кунед. Ман дар ин маҷлис шахсан ҳузур доштам, ин хитобро шунидам", - нақл мекунад собиқ роҳбари амнияти ҷабҳаи муттаҳид.
© Zen / DurnamoАхмад Шах Масуд и Эмомали Рахмон
Ахмад Шах Масуд и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Ахмад Шах Масуд и Эмомали Рахмон
Он вақт Зуҳуров, ки дар сохтори низомии Тоҷикистон кор мекард, ин нақши Аҳмадшоҳро хуб дарк мекард ва барои ҳамин доим аз аҳволи қаҳрамони миллӣ пурсон мешуд, меафзояд Ағбар.

"Президент Раҳмон ҳамин чизро шаффоф мегӯяд"

Муҳаммад Зоҳир бурд ва дастоварди асосии кишвари Тоҷикистонро дар дарки амният медонад ва мегӯяд, амният дар Афғонистон ягона монеаест, ки боиси рушди кришвар дар ҳама соҳаҳо шудааст.
Вай таъкид мекунад, ки мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳ расиданд. 
"Хело хуб медонам, ки Тоҷикистон дар давраи таҳаввулот, замоне, ки Набиев президент буд, чӣ аҳвол дошт. Вале он Тоҷикистон ба Тоҷикистони имрӯза таҳти роҳбарии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бисёр як фарқи куллӣ дорад. Мардуми Тоҷикситон дарк карданд, ки ҷанг чӣ медиҳад ва сулҳ чӣ медиҳад. Бо ҳамин камбағалӣ тавонистанд, ки кишвари худро хуб бисозанд. Амният дар кишварашон - беҳтарин амният аст", - тавсиф мекунад вай.
Аз нигоҳи як сиёсатмадори афғонистонӣ беҳтарин кори роҳбарияти Тоҷикистон - корашон дар як тим аст. 
"Раисҷумҳури Тоҷикистон як нафаре ҳаст, ки ҳама чизро шаффоф сӯҳбат мекунад, бо мардуми худ содиқ аст, хизмати зиёди кардааст", - таъкид мекунад сафир.
Ҷаноби Ағбар аз бунёди нерӯгоҳи Роғун низ тавсиф мекунад ва онро дар Осиёи Марказӣ беназир медонад. 
"Ман рафтам нерӯгоҳи Роғунро дидам, ки дар Осиёи Марказӣ ва шояд дар ҷаҳон камназир аст. Тоҷикистон бо ҳамин камбағалӣ тавонист онро бунёд кунад", - таъкид мекунад вай.
Ба қавли ӯ, пештар ба Тоҷикистон семент аз Покистону Афғонистон ворид мешуданд, феълан Тоҷикистон ба ин кишварҳо содир мекунад.

Мо мушкилӣ дар марз надорем, мо мушкилӣ бо ҷинояткорони наздимарзӣ дорем

Сафири феълии Афғонистон аз нахустин сафиронест, ки ба минтақаи Бадахшони Тоҷикистон сафар кард.
"Мақсад доштам, ки сарҳади 1360 километрии Афғонистону Тоҷикистонро бо чашми сар бубинам. Ман бештари минтақаро бо пой ва мошин гаштам, танҳо ба Мурғоб рафта натавонистам, ки хело сард буд", - меафзояд вай.
Ағбар мегӯяд, мақсад аз ин сафар бо чашми сар дидани вазъи минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон буд. Вай меафзояд, ки феълан ин масъаларо хуб омӯхт ва "Тоҷикистону Афғонистон дар марз мушкилӣ надорад, балки бо ҷинояткорони наздимарзӣ доранд".
"Масъалаи сарҳадотро фаҳмидам, ки чӣ мушкилӣ доранд ва ин мушкилӣ аслан байни давлатҳо нест, балки ҳамон ҷинояткорон ҳастанд", - таъкид мекунад вай.
Ба қавли Муҳаммад Зоҳир роҳи ҳалли мушкилии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон - рӯшан шудани афкори мардум аст, то дар Афғорнистон ба ҷинояткоро мардум иҷозат надиҳанд, то дар Тоҷикистон мардум бо онҳо ҳамкорӣ накунанд.  Роҳи дигар - барқароршавии сулҳ дар Афғонистон аст, ки дар ин ҷо низ бетаъсир нахоҳад монд.
Встреча Эмомали Рахмона с генеральними прокурорами СНГ и ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2018
Суҳбати Раҳмон бо додситонҳои ИДМ дар бораи марз бо Афғонистон ва қочоқи силоҳу нашъа
"Бо сулҳи Афғонистон бояд кор гирифт, то ҷанг хотима ёбад, аз толибон пок шавад, то ҷинояткоро дар соҳад ба худ хонаву кошона насозанд", - мегӯяд вай ва таъкид мекунад, ки ду давлат дар мубориза бо ҷиноят дар марз ҳамкории хело зич доранд.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистону Афғонистон дар умум дар тамоми соҳаҳои 7 қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд ва дар назар аст, ки дар натиҷаи сафари ҳайъати парлумонри кишвар ба Тоҷикистон чанд мушкилие, ки дар қонунгузорӣ ҳаст ҳал шавад.

Тоҷикистониҳо ҳар чи кӣ дар ихтиёрашон ҳаст, барои гурезаҳо ҳам медиҳанд

Тоҷикистон яке аз се кишварҳоест, ки гурезаҳои Афғонистонро роҳ додааст. Ба гуфтаи сафир, шумораи гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон то шаш ҳазор меравад. Дар Эрон бошад ҳудуди 3 миллион гурезаи афғон ва дар Покистон бештар аз 2 миллион паноҳ бурдаанд.
Пештар расонаҳои Тоҷикистон дар бораи вазъи мушкили гурезаҳои афғон дар Тоиҷкистон гузориш дода буданд, аммо Ағбар мегӯяд, "чизе, ки тоҷикистониҳо дар ихтиёрашон доранд, гурезаҳо низ доранд".
Рафиқи рӯзҳои сахт: Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмондори Аҳмадшоҳ Масъуд
"Дари мактабҳои Тоҷикистон ба рӯи гурезаҳо боз аст. Касе намегӯяд, ки ба мактаб наравед. Амнияташон таъмин аст. Ҳар он санадҳое, ки барошон зарур аст, мо омода мекунем. Афзун бар ин, аз баъзе хизматрасониҳои бепул бархурдор мебошанд. Дар ҷое ки ба мушкилӣ дучор мешаванд, ташкилотҳои байналмилалиро низ ба ҳамкорӣ даъват кардаем", - мегӯяд намояндаи ҳукумати Афғонистон дар Тоҷикистон.

Амрико, "Толибон" ва муносибатҳо бо Русия

Сафири Афғонистон дар посух ба суоли он ки оё бо омадани Ҷо Байден сари Ҳукумати Амрико, сиёсати кишвар дар Афғонистон тағйир ёфтааст, гуфт, "оқои Ҷо Байден, тавофуқномаи сулҳи Афғонистонро дубора ҳидоят дод, ки мутоила сурат бигирад. Боварӣ дорам, ки дар ин сиёсат бо дар мавориди мухталиф ҳамон қисме, ки дар дунё тағйир меёбад, дар ин Афғонистон ҳам сурат мегирад".
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар муносибатҳои Афғонистон бо Русия низ хуб аст ва тамоми тарҳҳои Русияро, ки ба манфиати кишвар аст, мақомоти Афғонистон ҷонибдорӣ мекунанд.
 Ағбар таъкид мекунад, ки ҳукумати Афғонистон ба сулҳ бо толибон мегаравад, аммо "Толибон" ба ҷанг идома дода истодаанд.
“Толибон қудрат мехоҳанд, на сулҳ! Амрико моро фиреб дод” – мусоҳиба бо Фаҳими Куҳдоманӣ
"Мо аз сулҳ ҳимоят мекунем, аммо тарафи муқобил дар ҷанг кӯшиш мекунад. Мо ба хотири ҳусни нияти сулҳ то 6 ҳазор толибро аз зиндон раҳо кардем, аммо бо таассуф, ки бо ин ҷанг ба хотима наёфт. Ҳаррӯз ваҳшонияти толибон дар шаҳрҳои марказии Афғонистон, хусусан дар Кобул бештар мешавад",- мегӯяд Ағбар.
Муҳаммад Зариф меафзояд, ки бо "Толибон" сулҳ пешниҳод мекунанд, аммо дар сурати ғайр, нерӯҳои Афғонистон парра ба дифои марз ва мубориза бо онҳо омода аст. 
"Як қатор кишварҳое ҳастанд, ки боварӣ доранд, ки толибонро ҷонибдорӣ мекунанд. Бояд бидонанд, ки толиб дар Афғонистон манфур шудааст, толиб қобили ҷомеаи байналмилалӣ нест, қобили инсонҳои соҳиби дарк дар дунё ва қолбили пазириши мардуми Афғонистон нест", - таъкид мекунад вай.
Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда в Панджшире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2020
Ёде аз Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер: намоиши аксҳо дар оромгоҳи ӯ
Ӯ аз кишварҳое, ки беғаразона дар сулҳи Афғонистон нақш гузоштан мехоҳад, изҳори сипос намояд. 
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сафир, хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аз сулҳ бо Толибон вобаста аст.
"Муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Афғонистон возеҳ аст. Чанд бор вазирои дифои НАТО ва худи Амрико низ эълон карда буд, ки ихроҷашон бо пружаи сулҳ бо Толибон вобаста аст. Хушбахтона ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар ин ҷо бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад ва нерӯҳои миллӣ низ омодаи дифои худ мебошанд", - мегӯяд ӯ.
Ағбар, омори нуфузи толибҳо дар Афғонистонро дар расонаҳои гуногун, ки то 50 дарсар арзёбӣ мешавад, такзиб кард. Ӯ гуфт, ки Толибҳо дашту кӯҳҳои беодамро макон кардаанд, ки онро ба нуфузи онҳо иртибот додан дуруст нест.
"Омор дар мавҷудияти инсонҳо бояд баршумор шавад, куҳҳоро сару кор нагирад. Толибҳо дар бархе минтақаҳо, ки зери нуфузи онҳост, мардумони мулкиро сипар мекунанд, барои ҳамин давлат намехоҳад, ки он ҷо амалиёте иҷро кунад", - таъкид мекунад вай.
Дуроҳбариятии Афғонистон ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт
Новобаста ба ҷанг ва мушкилии амният дар Афғонистон, Ағбар ба ояндаи кишвараш некбин аст. Ӯ матбуоти Афғонистонро яке аз пештрафтатрин дар минтақа медонад.
"Афғонистон як кишвари бузурге ҳаст. Агар аз ҷанг наҷот кунад, метавонад дар як фурсати кӯтоҳ ба як пешрафти калон ноил шавад. Агар толиб 4 бомб мекафонад, мо 5-10 вохӯриву мулоқот дорем, зиндагии марадумро толибон натавонистанд фалаҷ кунанд", - таъкид мекунад сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0