Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
18:39 24.03.2021 (Навсозишуда: 00:26 25.03.2021)
© Министерство здравоохранения РТРуководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
© Министерство здравоохранения РТ
Обуна шудан
Оғози маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба бор овард
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон расман сар аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус шурӯъ шуд. Ин маърака пас аз он оғоз ёфт, ки бегоҳи рӯзи 22 март, Эмомали Раҳмон қарори дахлдорро ба тасвиб расонд.
Дар рӯзи баъдӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба эмгузаронӣ шурӯъ кард.
Аз миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, вазири беҳдошт Ҷамолиддин Абдуллозода нахустин шуда алайҳи коронавирус ваксин гирифт. Ӯ пас аз гирифтани ваксин таъкид дошт, ки "эмгузаронӣ комилан ихтиёрист ва ҳар кас бояд барои ҳифзи солимии худ ба нуқтаҳои дорузанӣ омада, ваксин гирад.
© Министерство здравоохранения РТРуководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
Руководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
© Министерство здравоохранения РТ
Аммо оғози маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон ба вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Мардум нахуст аз ваксине, ки ворид шудааст изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо ба далели камбуду таъсири манфии AstraZeneca ва ҳамзамон даст кашидани чандин кишварҳои Аврупоӣ аз истифодаи он, ба ин ваксин бо шубҳа менигаранд.
"Чаро маҳз AstraZeneca овардану "Спутник V"- и Русияро не?" суол гузоштааст корбаре бо номи Taj Club.
Дар посух ба суоли ӯ, Jamshed Zabirov навиштааст, ки "AstraZeneca бе пул аст, барои ҳамин Тоҷикистон бо ҷону дил онро қаблул кард".
Ин истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ Фейсбук аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки "дар ҷаҳон тиҷорат нисбат ба ҷони одам қадри зиёдтар дорад".
Вале, қаблан муовини вазири тандурустӣ, Самариддин Ализода дар як нишасти хабарӣ далели наовардани ваксини сохти русӣ - "Спутник V"- ро ба тасдиқ нашудани он аз ҷониби СҶБ рабт дода буд.
Тасдиқ нашудани ваксини сохти Русия дар ҳолест, ки он нахустин ваксин алайҳи коронавирус дар ҷаҳон аст.
Дар баробари вазири тандурустӣ, ҳамчунин ду муовини ӯ низ алайҳи коронавирус эм гирифтанд. Котиботи вазорати тандурустӣ аксҳо аз ҷараёни ваксин гирифтани муовинон ва чанд намояндаи дигари соҳаи беҳдоштро нашр намуданд.
© Министерство здравоохранения РТРуководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
Руководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
© Министерство здравоохранения РТ
Аммо, аксари корбарон мегӯянд, ба вазиру муовинони ӯ на ваксини AstraZeneca, балки ягон витамини дигар гузаронда шуд.
Ibrohim ibn Yusufi ном корбар навиштаст, ки "ягон ватамини В 12 заданд, лекин дар мардум нишон медиҳанд, ки ин ваксин аст!".
Истифодаранбаи дигар бо номи Бегимнисо Икромова бар ин бовар аст, ки Вазорати тандурустӣ ба хотири тарғиб намудани ваксини мазкур, махсус лаҳзаи ваксингирии вазиру дигар намояндагонро нашр намуд. Ӯ менависад, "ин як навъ тарғиб аст, то мардум бовар кунанд, ки ваксини ройгономада безарар аст".
Аммо сафи нафароне, ки аз вазиру ниҳоди зертобеи ӯ дастгирӣ намуданд, низ кам набуд. Аз ҷумла, Sharif Salimov ба Абдуллозода ва ҳамаи онҳое, ки бо ваксини AstraZeneca эмгузаронӣ шуданд, саломатӣ таманно кард.
"Ба Вазири муҳтарам ва ҳамаи онҳое, ки ин ваксинаро қабул карданд, саломати таманно дорам".
Ин корбар дар баробари таманнои саломатӣ ба эмгирифтаҳо, ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон бояд ҳатман ваксини алтернативӣ бошад, то мардум имкони интихоб карданро дошта бошанд. Ӯ махсус ба овардани ваксини сохти Русия ишора мекунад.
Дилбар Ҷалолова як корбари дигар низ дар ҳаққи вазири тандурустӣ дуо кардааст.
"Худованд вазири моро нигаҳбон бошад, бисёр одами раҳмдил аст", - навиштааст Ҷалолова.
Дар миёни корбароне, ки ваксингирии вазиру зердастонашро муҳокима намуданд, Жамила Ммм ном истифодабаранда навиштааст, ки ҳамагӣ се ҳафта пеш дар Русия алайҳи ин маризӣ эм гирифт.
Ӯ мегӯяд бо ваксини "Спутник V" эм шуд ва ҳоло худро ниҳоят хуб ҳис мекунад. Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали эмгирӣ тасф карду аҳволаш каме бад шуд.
Зимнан, рӯзи гузашта, кормандони Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе низ ба ваксинатсияи зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
© Министерство здравоохранения РТРуководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
Руководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
© Министерство здравоохранения РТ
Ҷамъан дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ се ҳазор нуқтаи ваксинзанӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло танҳо 20 дарсади аҳолӣ бо ваксини AstraZeneca, ки онро ташкилоти COVAX интиқол медиҳад, эмгузаронӣ мешаванд.