Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон на совещания с вице примерами
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дастур додааст, ки аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 тасдиқ гардид.
Пресс конференция по поводу вакцинации в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ализода дар бораи ворид кардани ваксинаи "Спутник V": аз ҷониби СҶБ тасдиқ нашудааст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваззаф шудааст, ки нақшаи эмгузаронӣ зидди COVID-19 - ро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаро сари вақт ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас кунаду иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро таъмин намояд.
Вазорату идораҳо, расонаҳо ва созмонҳои дигар дастур гирифтаанд, барои муташаккилона ва бомуваффақият гузаронидани иммунизатсия байни кормандони соҳаҳои худ, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.
Кумитаи телевизиону радио, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин барои сабту намоиши барномаҳо ва тарғиботи муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 вазифадор шудаанд. 
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Рӯзи оғози эмгузаронӣ бо AstraZeneca дар Тоҷикистон маълум нест
Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур гирифтаанд, ки гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 - ро роҳбарӣ намоянд.
"Аз ҳисоби ташкилотҳои зертобеъ воситаҳои нақлиётии иловагиро ҷудо карда, онҳоро бо сӯзишворию равганҳои молиданӣ таъмин намоянд. Оид ба иҷрои қарори мазкур дар рафти марҳилаҳои баргузории чорабинӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд", - дастур дода шудаст ба раисони вилояту навоҳӣ.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ тайи 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд, омадааст дар қарор.
Лентаи хабарҳо
0