https://sputnik.tj/20210324/Rabariyati-Bemorkhonai-em-1033060033.html
Роҳбарияти Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе эм карда шуданд
Роҳбарияти Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе эм карда шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд 24.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-24T12:15+0500
2021-03-24T12:15+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
эмгузаронӣ
раҳбар
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061026_0:20:1000:583_1920x0_80_0_0_13f89ac6312d051d5caf4a852e032e07.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазоарти тандурустии Тоҷикистон аз эм шудани роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе алайҳи бемории COVID-19 хабар медиҳад.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар ТоҷикистонЁдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.
https://sputnik.tj/20210323/Tojikiston-emguzaroni-3-hazor-nuqta-1033055830.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061026_98:0:902:603_1920x0_80_0_0_e35eef691ee1918d73438bedbd116441.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, эмгузаронӣ, раҳбар, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, эмгузаронӣ, раҳбар, дар тоҷикистон
Роҳбарияти Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе эм карда шуданд
12:15 24.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Дар Душанбе роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазоарти тандурустии Тоҷикистон аз эм шудани роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе алайҳи бемории COVID-19 хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард,
ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.