Трамп бо шабакаи ташкилкардаи худ бармегардад: мушовираш гуфт, кай

© AFP 2023 / Alex EdelmanАвтомобиль с президентом США Дональдом Трампом проезжает мимо его сторонников в штате Мэриленд
Автомобиль с президентом США Дональдом Трампом проезжает мимо его сторонников в штате Мэриленд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Обуна шудан
Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи ИМА, дар пайи басташавии саҳифаҳояш дар шабакаҳои Twitter ва Facebook бо шабакаи ташкилкардаи худ ба майдони маҷозӣ бармегардад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik.  Президенти собиқи ИМА, Доналд Трамп ба зудӣ бо пойгоҳи худ ба шабакаҳои иҷтимоӣ бармегардад, то робита бо ҷонибдоронашро барқарор кунад.
Инаугурация 45-го президента США Д. Трампа в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Bloomberg: курсии президентӣ Трампро ба муфлисшавӣ расонид
Дар ин бора ба Fox News мушовири ӯ Ҷейсон Миллер хабар дод. Ба гуфтаи мушовир, ин кор дар тӯли ду-се моҳ ба вуқӯъ мепайвандад.
Миллер муътақид аст, ки пойгоҳи ташкилкардаи Трамп "аз ҳама чизи муосир ва мӯд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад буд".
"Ман фикр мекунам, ки президент Трамп тақрибан дар тӯли ду-се моҳ бо платформаи худ дубора ба шабакаҳои иҷтимоӣ бармегардад. Ин як чизи ғайриодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад буд, ки бозиро комилан тағйир хоҳад дод", - гуфт Миллер ба Fox News.
Мушовири Трамп аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард, аммо гуфт, ки "мулоқотҳои зиёде бо намояндагони ширкатҳои мухталиф" дар қароргоҳи “Мар-а-Лаго” дар Флорида, ки ҳоло президенти собиқ дар он ҷо зиндагӣ мекунад, баргузор шуданд.
"Платформаи нав хеле калон хоҳад буд. Трамп миллионҳо ва миллионҳо - даҳҳо миллионро ба ин шабакаи иҷтимоӣ ҷалб карданист", -  гуфт ӯ.
Дар аввали моҳи январ, пас аз забти Қасри Сафед аз ҷониби тарафдорони президенти собиқ, бузургтарин шабакаҳои иҷтимоии Амрико саҳифаҳои Трампро ба таври доимӣ масдуд карданд. Онҳо тасмимро бо он шарҳ доданд, ки Трамп бо изҳороти худ ғайримустақим эътирозгаронеро, ки ӯро дастгирӣ мекарданд, ба хушунат тела дод, ки боиси марги панҷ нафар шуд.
Лентаи хабарҳо
0