Bloomberg: курсии президентӣ Трампро ба муфлисшавӣ расонид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкИнаугурация 45-го президента США Д. Трампа в Вашингтоне
Инаугурация 45-го президента США Д. Трампа в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Президенти пешини ИМА Доналд Трамп сарвати худро дар замони президентияш қариб аз даст дод
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Курсии президентӣ ба собиқ роҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп гарон афтод, менависад Bloomberg.
Казино Трамп-Плаза сносят в США. Прямая трансляция - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
ИМА казинои "Трамп-Плаза"-ро тахриб мекунад: видео
Тибқи додаҳои Bloomberg Billionaires Index (BBI), сарвати сиёсатмадор то нимаи моҳи марти соли 2021 ба 2,3 миллиард коҳиш ёфт.
Қаблан маълум буд, ки маблағи Трамп ҳангоми ба кор шурӯъ карданаш ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида 3 миллиард долларро ташкил медод.
Таҳлилгарони Bloomberg тадқиқот гузаронидаанд, ки дар ҷараёни он онҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои молиявӣ, балки маълумоти дигарро дар давраи аз моҳи майи соли 2016 то январи 2021 таҳлил карданд. Чунин тадбир ба хотири ҳисоб кардани вазъи Трамп пеш аз ва баъд аз раёсати ҷумҳурӣ гирифта шудааст.
Доналд Трамп ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд
Ҳамин тавр, коршиносони Bloomberg мушаххас кардаанд, ки аз даст додани пулҳои сарвари собиқи Кохи Сафед аз моҳи августи соли 2020 оғоз шудааст . То моҳи январи соли 2021 сарвати Трамп 2,45 миллиард долларро ташкил дод ва дар нимаи моҳи март он ба 2,33 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Президент США Дональд Трамп с супругой Меланией Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Трамп пас аз тарки вазифа аз пештара хушбахттар аст - мушовир
Блумберг қайд мекунад, ки тақрибан аз чор се ҳиссаи даромади сиёсатмадор аз ҳисоби амволи ғайриманқули тиҷорӣ мебошад. Аммо ин амволи ӯ ба таври назаррас арзону коҳиш ёфт.
Инро пандемияи коронавирусӣ ба вуҷуд овард: бисёр одамон дафтарҳои кориашонро тарк карданд ва имрӯз онҳо корҳояшонро дар хона идома медиҳанд.
Тибқи таҳлилгарон, арзиши амволи ғайриманқули тиҷории Трамп 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз соли 2016 то 2017, он 26% арзон шуд.
Трамп гуфт, ки пас аз тарки раисҷумҳурӣ чӣ кор мекунад
Ғайр аз он, сиёсатмадор соҳиби бисёр истироҳатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо, инчунин 19 майдони голф мебошад. Трамп аз сабаби маҳдудиятҳое, ки ба коҳиши паҳншавии коронавирус ва бӯҳрон дар соҳаҳои хидматрасонӣ ва сайёҳӣ ҷорӣ шуданд, зарари калон дид.
Лентаи хабарҳо
0