Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мавҷи сеюми коронавирус? пизишкони Нур-Султон аз авҷи шадиди беморӣ бонги изтироб мезананд

© © Sputnik / Абзал Калиев Покупатели в торговом комплексе Magnum Cash & Carry
Покупатели в торговом комплексе Magnum Cash & Carry - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи табибони пойтахти Қазоқистон, афзоиши шумораи беморон ба риоя накардани чораҳои пешгирикунандаи шаҳрвандон вобаста аст
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik.  Похтахти Қазоқистон аз афзоиши шадиди мавориди мубтало шудани шаҳрвандон ба коронавирус хабар медиҳанд.
Пизишкони Нур-Султон мегӯянд, шояд кӯмакҳои мавҷудаи эҳёгарӣ бо чунин суръат афзоиш ёфтани теъдоди маризон басанда набошад.
Тибқи иттилои сайти расмии ҳукумати шаҳр бо истинод ба Раёсати тандурустӣ, феълан 63 дарсади катҳои бемористонҳо аз маризон пур аст.
"Дар як шабонарӯз дар шаҳр тақрибан 300 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар беморхонаҳо 451 нафар бистарӣ мебошанд. Бандии катҳо 63% -ро ташкил медиҳад”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, маъмурияти шаҳри Нур-Султон аз кулли шаҳрвандон даъват намудааст, ки меъёрҳои санитариро риоя кунанд, дар акси ҳол, пойтахти Қазоқистон метавонад ба мавҷи сеюми маризии коронавирус рӯбарӯ шавад.
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишкони Қазоқистон аз мавҷи нави коронавирус дар Наврӯз ҳушдор медиҳанд
Дар Тоҷикистон хушбахтона, тақрибан аз аввоили соли ҷорӣ мавориди гирифтор шудани шаҳрвандон ба коронавирус сабт нагардидааст.
Аммо бо вуҷуди беҳ будани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон, Русия ҳамоно парвозҳои мустақимро иҷозат намедиҳад. Илова бар ин, номи Тоҷикистон дар рӯйхати 25 кишваре, ки донишҷӯёни онҳо иҷозати вуруд ба Русияро дарёфт карданд, зикр нашудааст.
Чанде пеш мутахассисони Роспотребнадзор низ барои дақиқ кардани вазъи коронавирус ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва пас аз анҷоми тафтишу таҳқиқоти худ, ба ҳукумат ва минҷумла ба Вазорати беҳдошти кишвар баҳои мусбат дода, рафтанд.
Лентаи хабарҳо
0