Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пизишкони Қазоқистон аз мавҷи нави коронавирус дар Наврӯз ҳушдор медиҳанд

© © Sputnik / Владислав ВодневДевушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Аз сокинони Алмаато даъват гардидаст, ки тамосро дар Наврӯз маҳдуд кунанд ва аз ҷашнҳои оммавӣ даст кашанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мутахассисони Раёсати назорати санитарию эпидемиологии Алмаато бори дигар аз сокинон даъват мекунанд, ки робитаро маҳдуд кунанд ва чораҳои бехатарии санитариро қатъӣ риоя кунанд.
“Дар сурати риоя нашудани ин тавсияҳо ва афзоиш ёфтани тамоси мардум, эҳтимол боз мавҷи нави паҳншавии коронаиврус сурат гирад”, - ҳушдор медиҳанд намояндагони раёсат.
Зимнан, таъкид гардид, ки дар сурати зиёд шудани теъдоди маризони коронавирус, ҳукумат боз маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ мекунад.
Вазъи эпидемиологии коронавирус дар Алмаато аз 2 март печидатар шуд ва аз 10 март пойтахти Қазоқистон боз ба минтақаи “сурх” шомил гардид.
Афзоиши беморӣ 3 март оғоз шуд, ки дар як рӯз 121 ҳолат ба қайд гирифта мешуд.
Самолет авиакомпании Somon air. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд
Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар 24 соати ахир аз сабт шудани 360 ҳолати нави гирифторшавӣ ба вирус хабар медиҳад, ки аз ин миён 359 ҳолат маҳаллӣ буда, танҳо як ҳолат аз Туркия оварда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар беморхонаҳои Алмаато феълан 1287 нафар (57 кӯдак) бистарӣ ҳастанд.
Якбора афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавии одамон ба коронаиврус ба зиёд шудани робитаҳои иҷтимоии шаҳрҳо, ҷоннок шудани муҳоҷирати меҳнатӣ, бештар шудани занҷираи интиқоли сироят аз як оила ба шахсони солим дар дохили нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ рабт дода мешавад.
Аз оғози эпидемия дар Алмаато 27.361 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шудааст. Ҳамин тариқ, Алмаато аз лиҳози шумораи сироятёфтагон пешсаф аст.
Лентаи хабарҳо
0