Баъди норозигии сарвазир аз мансабдорони Кӯлоб: чӣ тағйир ёфт?

© Фотохост ШОС / Гузариш ба медиабонкАбдуджаббор Рахмонов. Архивное фото
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Обуна шудан
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки масъули назорати ободкориҳо дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъйин шудааст, аз ин шаҳр боздид намуд
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Зимни ҷаласаи гуруҳи корӣ бо иштироки Раҳмонзода иттилоъ дода шуд, ки то нимаи марти соли равон дар Кӯлоб 528 адад иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Бахром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Норозигии раиси Судӣ Олӣ аз иддаои собиқ раиси Кӯлоб, ки гуфт "адолати судӣ нест"
Ба иттилои котиботи ҳукумати Кӯлоб, Раҳмонзода аз шахсони масъул даъват кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иншоотеро, ки сохтмонашон нотамом аст, мавриди истифода қарор диҳанд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки то 30-солагии Истиқлол дар Кӯлоб бояд 890 иншоот сохта шаванд.
Маъракаи ободкориҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қаламрави кишвар роҳандозӣ шудааст ва мақомдорони баландпояи ҳукуматӣ низ бо сохтмони роҳ, боғ, мактабу беморхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар ин маърака иштирок доранд.
Қаблан Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни як ҷаласа дар масъалаи ободкориҳо дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлол аз фаъол набудани мансабдорони воломақоми шаҳр интиқод карда буд.
Худамон сар кунем, халқ атрофамон муттаҳид мешавад, бояд назди халқ рафт, пеши соҳибкор рафт, на баръакс, навишта буд нашрияи “СССР” аз қавли сарвазири Тоҷикистон.
"41 нафар аз шаҳри Кӯлоб дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ ва раёсати бонку вазоратҳо кор мекунанд. О, худатон чаро корро сар намекунед? Ақаллан 500-метрӣ роҳро асфалт кунед, халқ бовар дорам, атрофатон ҷамъ мешаваду кор ранги дигар мегирад. Аммо шумо коре накардаед!”, - изҳор дошта буд Расулзода.
Аммо бар асоси гузоришҳо ҳанӯз ҳам иншооти нотамом дар ин шаҳр ҷой доранд, ки Раҳмонзода барои анҷоми сохтмонашон дастур додааст. Хабаргузории "Ховар" аз қавли мақомоти Кӯлоб навиштааст, ки ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот ва масъулини ташкилоту муассиса, корхона, маҳалла дастур додаст, ки барои тозаву озода намудани назди биноҳои истиқоматӣ камари ҳиммат банданд.
Лентаи хабарҳо
0