https://sputnik.tj/20210318/Nevzorov-Manizha-Evrovidenie-Rusiya-1033025642.html
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
Sputnik Тоҷикистон
Суруди Манижа Сангин (Манижа) барои Евровидение - 2021, ба гуфтаи рӯзноманигор Александр Невзоров, мушкилоти даҳшатноки ҷомеаи Русияро ошкор кард 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T17:11+0500
2021-03-18T17:11+0500
2021-03-18T17:18+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/24/1030422440_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_a2682ac701be514ca2ff97d3d1697a56.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Рӯзноманигор, хабарнигор, ровии телевизион ва публисист Александр Невзоров дар барномаи муаллифияш гуфтааст, ки интихоби як ҳунарманд аз Русия барои Евровидение - 2021 интихоби душвор буд ва мушкилоте пеш овард, ки қаблан маълум набуданд.Рӯзноманигор дарҳол қайд кард, ки ӯ мутахассис нест, то сатҳ ва сифати иҷрои баромадро арзёбӣ кунад.Аммо худи суруд ва интихоби сароянда озмоише шуд, ки ҷомеаи Русия аз ӯҳдаи он баромада натавонист."Достони Манижа як озмоиши аҷибе барои нажодпарастӣ шуд. Русия аз ин озмоиш нагузашт. Ин қадар нажодпарастии бераҳмона ва ашадӣ рӯй зад ва маълум шуд он ҳанӯз побарҷост", - қайд кард Невзоров.Публитсист ин ҳолатро бо абсесси кӯҳна, ки дер боз интизораш буд, муқоиса кард."Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард"Ин идея, ин ғазаб, аз он бармеояд, ки он ҳамеша соаташро интизор буд, ба мисли норинҷаки шӯравӣ дар равған дар анборҳо, он бо тартиби мукаммал ҷойгир буда, танҳо интизор аст, ки дубора истифода шавад", - гуфт рӯзноманигор.Невзоров илова кард, ки ин таъқиби миллатгароёна ба як зодаи Тоҷикистон ӯро дар ҳайрат афтод. Аз тарафи дигар, публитсист гуфт, интихоби Русия ба Евровидение - 2021 имкони муваффақият дорад."Ман фикр мекунам, онҳое, ки Манижаро ин қадар зиракона интихоб карданд, чунин сурат гирифтани корро тасаввур карда наметавонистанд. Онҳо инчунин дар ҷаҳони дигар зиндагӣ мекунанд. Умуман, духтар ба таъқибот дучор шуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки ашкҳои ӯро хушк кардан чӣ қадар душвор буд", - қайд кард Невзоров.Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд. Пас аз интишори видео мавҷи норозигиҳо болои сароянда рехт.Бо вуҷуди назароти манфӣ, Манижаро бисёр чеҳраҳои маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигари ВАО дастгирӣ мекунанд.Ман ба касе бадӣ накардаам: Манижа бори аввал вокунишҳои шадидро нисбаташ шарҳ додХуди ин видео дар канали расмии YouTube-и озмуни мусиқии Евровидение ба тамошобинон писанд омад: онро аллакай беш аз 4 миллион маротиба тамошо кардаанд. Ҳамзамон видеоро тақрибан 160 ҳазор корбар писандиданд ва қариб 80 ҳазор шарҳ гузоштаанд, ки аксари онҳо ки корбарони хориҷӣ буда баҳои мусбат медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210317/Badtar-koronavirus-krizis-tanz-Manizha-video-1033015337.html
https://sputnik.tj/20210316/Suhbat-oshkoro-Manizha-Sobchak-Zhirinovskiy-nazhodparast-video-1033011038.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/24/1030422440_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_42b80677bb49d9bb5df4399431515296.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
17:11 18.03.2021 (Навсозишуда: 17:18 18.03.2021) Суруди Манижа Сангин (Манижа) барои Евровидение - 2021, ба гуфтаи рӯзноманигор Александр Невзоров, мушкилоти даҳшатноки ҷомеаи Русияро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Рӯзноманигор, хабарнигор, ровии телевизион ва публисист Александр Невзоров дар барномаи муаллифияш гуфтааст, ки интихоби як ҳунарманд аз Русия барои Евровидение - 2021 интихоби душвор буд ва мушкилоте пеш овард, ки қаблан маълум набуданд.
Рӯзноманигор дарҳол қайд кард, ки ӯ мутахассис нест, то сатҳ ва сифати иҷрои баромадро арзёбӣ кунад.
Аммо худи суруд ва интихоби сароянда озмоише шуд, ки ҷомеаи Русия аз ӯҳдаи он баромада натавонист.
"Достони Манижа як озмоиши аҷибе барои нажодпарастӣ шуд. Русия аз ин озмоиш нагузашт. Ин қадар нажодпарастии бераҳмона ва ашадӣ рӯй зад ва маълум шуд он ҳанӯз побарҷост", - қайд кард Невзоров.
Публитсист ин ҳолатро бо абсесси кӯҳна, ки дер боз интизораш буд, муқоиса кард.
"Ин идея, ин ғазаб, аз он бармеояд, ки он ҳамеша соаташро интизор буд, ба мисли норинҷаки шӯравӣ дар равған дар анборҳо, он бо тартиби мукаммал ҷойгир буда, танҳо интизор аст, ки дубора истифода шавад", - гуфт рӯзноманигор.
Невзоров илова кард, ки ин таъқиби миллатгароёна ба як зодаи Тоҷикистон ӯро дар ҳайрат афтод. Аз тарафи дигар, публитсист гуфт, интихоби Русия ба Евровидение - 2021 имкони муваффақият дорад.
"Ман фикр мекунам, онҳое, ки Манижаро ин қадар зиракона интихоб карданд, чунин сурат гирифтани корро тасаввур карда наметавонистанд. Онҳо инчунин дар ҷаҳони дигар зиндагӣ мекунанд. Умуман, духтар ба таъқибот дучор шуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки ашкҳои ӯро хушк кардан чӣ қадар душвор буд", - қайд кард Невзоров.
Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд. Пас аз интишори видео мавҷи норозигиҳо болои сароянда рехт.
Бо вуҷуди назароти манфӣ, Манижаро бисёр чеҳраҳои маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигари ВАО дастгирӣ мекунанд.
Худи ин видео дар канали расмии YouTube-и озмуни мусиқии Евровидение ба тамошобинон писанд омад: онро аллакай беш аз 4 миллион маротиба тамошо кардаанд. Ҳамзамон видеоро тақрибан 160 ҳазор корбар писандиданд ва қариб 80 ҳазор шарҳ гузоштаанд, ки аксари онҳо ки корбарони хориҷӣ буда баҳои мусбат медиҳанд.