https://sputnik.tj/20210316/Suhbat-oshkoro-Manizha-Sobchak-Zhirinovskiy-nazhodparast-video-1033011038.html
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин, ки имсол бо суруди “Зани рус” дар озмуни Евровидение аз Русия намояндагӣ мекунад, бо Ксения Собчак ошкоро аз таҳпӯши махсуси барҷастакунандаи... 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T17:28+0500
2021-03-16T17:28+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
манижа сангин
озмун
овозхон
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978917_0:129:3183:1919_1920x0_80_0_0_001906bc2f5244bb7f5f328b69aab4a3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Манижа дар суҳбат бо Ксения Собчак дар барномаи "Док – Ток" тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия аз тарбияи шарқию русӣ, аҷдодонаш, нахустин қадамҳо ба эҷодиёт ва интиқодҳои шадиди ахир суҳбат кард.Собчак аз ҷумла назари Манижаро дар бораи вокуниши вакил Владимир Жириновский пурсид. Раиси Ҳизби либерал – демократи Русия қаблан аз матни суруди Манижа интиқод карда буд, ки ба гуфтаи ӯ ба фоидаи обрӯи Русия нест.Манижа бо табассум изҳор дошт, ки Жириновскийро бояд сила карда, ба ҳолаш раҳм намуда, ҳамон тавре аст, бояд қабул кард. Овозхон таъкид намуд, ки Жириновский аз мавқеи бархе мардон чунин вокуниш кардааст, барояшон хосатан пораҳое аз матни сурудаш писанд нестанд.Ӯ афзуд, ки ҳамеша дар бораи мушкили нобаробарӣ, хушунати оилавӣ ва нажодпарастӣ суҳбат кардаст ва бархе вокунишҳои ахир дар пайи пирӯзияш бори дигар ҷой доштани нажодпарастиро исбот карданд. Манижа таъкид намуд, ки дар ин масъалаҳо бояд гуфт, то ҳалу бартараф карда шаванд.Овозхон инчунин аз он суҳбат кардааст, ки баъзан ҷавонон пойбанди равандҳое мешаванд, тақлид мекунанд ва намехоҳанд ҳамон тавре, ки ҳастанд худро бипазиранду дӯст доранд. Ӯ афзуд, ки шахсан чунин ҳолатро аз сар гузаронда буд, ки бисёр мехост монанди Кардашян андом дошта бошаду ҳатто таҳпӯшҳои махсусеро пӯшид, ки узвҳоро барҷаста мекунанд.Овозхон нақл кард, ки бо чунин ҳол боре ба мулоқот бо писаре рафта буд, ки сохтакорияш намудор шуд. Ӯ таъкид намуд, ки бад будани чунин пойбандиҳоро дарк намуда, худро тавре ҳаст қабул намуд. Манижа тавзеҳ дод, ки ин бад ин маъно нест, ки одамон муроқиби худу баданашон набошанд. Дар ин мусоҳиба Манижа инчунин аз кӯдакияш гуфтааст, ки ҳамеша аз ӯ мехостаанд, то назди аъзои сершумори оилааш ҳунарнамоӣ кунад, аммо ӯ ҳамеша шарм медошт. Дар барнома инчунин наворҳои кӯдакии Манижа ва аксҳои оилавияшон намоиш дода шудаанд.Овозхон инчунин аз тарбияи шарқияш суҳбат кардааст, ки ба гуфтаи ӯ кумакаш мекунад."Ман ба модарам Шумо гуфта муроҷиат мекунам. Барои бархе чунин менамояд, ки муносиботи мо баданд ё мушкиле вуҷуд дорад, ки чунин нест", - изҳор дошт Манижа. Овозхон инро таъсири тарбияи шарқиёнааш гуфтааст, ки эҳтироми аз худ калонсол ҷузъи он аст.Дар мавриди хушунати оилавӣ Манижа изҳор дошт, ки бевосита дар оилааш ин зуҳурот ҷой надошт, аммо шоҳиди чунин ҳолатҳо дар ҳаёти дигар наздикону дӯстонаш шудааст. Ӯ бидуни зикри ном аз нафари наздикаш гуфт, ки даст ба хушунат зада буд, аммо бо мурури замон ислоҳ шуд. Манижа таъкид намуд, ки маҳз барои ислоҳ алайҳи хушунати хонаводагӣ иқдом кардааст.
https://sputnik.tj/20210315/Manizha-dushanbe-khonavoda-1033003433.html
https://sputnik.tj/20210314/Dima-Bilan-Manizharo-dastgiri-kard-1032998502.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978917_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_c7c99cc6aa782df00c554aa544742881.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, озмун, овозхон, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, озмун, овозхон, дар русия, дар тоҷикистон
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
17:28 16.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Манижа Сангин, ки имсол бо суруди “Зани рус” дар озмуни Евровидение аз Русия намояндагӣ мекунад, бо Ксения Собчак ошкоро аз таҳпӯши махсуси барҷастакунандаи андом, мулоқоти бебарораш бо ҷавоне, хушунат дар оила, нажодпарастӣ ва танқиди Жириновский гуфтааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Манижа дар суҳбат бо Ксения Собчак дар барномаи "Док – Ток" тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия аз тарбияи шарқию русӣ, аҷдодонаш, нахустин қадамҳо ба эҷодиёт ва интиқодҳои шадиди ахир суҳбат кард.
Собчак аз ҷумла назари Манижаро дар бораи вокуниши вакил Владимир Жириновский пурсид. Раиси Ҳизби либерал – демократи Русия қаблан аз матни суруди Манижа интиқод карда буд, ки ба гуфтаи ӯ ба фоидаи обрӯи Русия нест.
Манижа бо табассум изҳор дошт, ки Жириновскийро бояд сила карда, ба ҳолаш раҳм намуда, ҳамон тавре аст, бояд қабул кард. Овозхон таъкид намуд, ки Жириновский аз мавқеи бархе мардон чунин вокуниш кардааст, барояшон хосатан пораҳое аз матни сурудаш писанд нестанд.
Ӯ афзуд, ки ҳамеша дар бораи мушкили нобаробарӣ, хушунати оилавӣ ва нажодпарастӣ суҳбат кардаст ва бархе вокунишҳои ахир дар пайи пирӯзияш бори дигар ҷой доштани нажодпарастиро исбот карданд. Манижа таъкид намуд, ки дар ин масъалаҳо бояд гуфт, то ҳалу бартараф карда шаванд.
Овозхон инчунин аз он суҳбат кардааст, ки баъзан ҷавонон пойбанди равандҳое мешаванд, тақлид мекунанд ва намехоҳанд ҳамон тавре, ки ҳастанд худро бипазиранду дӯст доранд. Ӯ афзуд, ки шахсан чунин ҳолатро аз сар гузаронда буд, ки бисёр мехост монанди Кардашян андом дошта бошаду ҳатто таҳпӯшҳои махсусеро пӯшид, ки узвҳоро барҷаста мекунанд.
Овозхон нақл кард, ки бо чунин ҳол боре ба мулоқот бо писаре рафта буд, ки сохтакорияш намудор шуд. Ӯ таъкид намуд, ки бад будани чунин пойбандиҳоро дарк намуда, худро тавре ҳаст қабул намуд. Манижа тавзеҳ дод, ки ин бад ин маъно нест, ки одамон муроқиби худу баданашон набошанд.
Дар ин мусоҳиба Манижа инчунин аз кӯдакияш гуфтааст, ки ҳамеша аз ӯ мехостаанд, то назди аъзои сершумори оилааш ҳунарнамоӣ кунад, аммо ӯ ҳамеша шарм медошт. Дар барнома инчунин наворҳои кӯдакии Манижа ва аксҳои оилавияшон намоиш дода шудаанд.
Овозхон инчунин аз тарбияи шарқияш суҳбат кардааст, ки ба гуфтаи ӯ кумакаш мекунад.
"Ман ба модарам Шумо гуфта муроҷиат мекунам. Барои бархе чунин менамояд, ки муносиботи мо баданд ё мушкиле вуҷуд дорад, ки чунин нест", - изҳор дошт Манижа. Овозхон инро таъсири тарбияи шарқиёнааш гуфтааст, ки эҳтироми аз худ калонсол ҷузъи он аст.
Дар мавриди хушунати оилавӣ Манижа изҳор дошт, ки бевосита дар оилааш ин зуҳурот ҷой надошт, аммо шоҳиди чунин ҳолатҳо дар ҳаёти дигар наздикону дӯстонаш шудааст. Ӯ бидуни зикри ном аз нафари наздикаш гуфт, ки даст ба хушунат зада буд, аммо бо мурури замон ислоҳ шуд. Манижа таъкид намуд, ки маҳз барои ислоҳ алайҳи хушунати хонаводагӣ иқдом кардааст.