Бадтар аз коронавирусу кризис: посухи танзомези Манижа ба мунаққидонаш - видео

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПевица Manizha Манижа Сангин (Хамраева)
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Манижа бо нашри як навор иштирокаш дар озмуни “Eurovision 2021”-ро, мавриди интиқоди бархе корбарон қарор гирифт, ба танз кашид
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Манижа Сангин, ки бо суруди "Зани рус" аз номи Русия дар “Eurovision 2021” ҳунарнамоӣ мекунад, бори дигар нишон дод, ки ҳеҷ нафрату бадхоҳие ӯро намешиканад.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Овозхон дар саҳифаи шахсии худ дар Инстаграм ва Ютуб видеои ҳомили танзу кинояро нашр кардааст.
Дар видео наворҳои даҳшатангези ҳаводиси солҳои гузашта, аз ҷумла пандемияи коронавирус, буҳронҳо, ҳамоишу эътирозҳо, ғасби Кохи Сафед ва сӯхторҳо намоиш дода шуда, ровӣ бо садои ҳаяҷономез мегӯяд, инсоният гумон кард, бадтарин ҳаводис паси сар шуданд, аммо ӯ пайдо шуд. Дар идома пас аз таваққуфи кӯтоҳ аз забони сиёсатмадорон, блогерҳо, ровиёни ахбор як ном - "Манижа, Манижа, Манижа" садо медиҳад.
Чунин танзу кинояи овозхон дар мавриди иштирокаш дар озмуни байналмилалӣ мавҷи вокунишҳои корбаронро ба вуҷуд овард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от MANIZHA (@manizha)

"Саг меҷақад, корвон меравад", "Ин олиҷаноб аст. Ҳазлу шӯхӣ ин ҷаҳонро наҷот медиҳад", - навиштаанд корбарон дар зери навори нашркардаи овозхон.  
Дар саҳифаи Ютуб Манижа навори дарозтареро нашр кардааст, ки дар он чун ровии барномаи махсус имкони хариди роҳхат ба Евровидениеро ба миён гузошта мешавад. Инчунин танзомез бо коршиносе дар мавзӯи Манижа кист, суҳбат мекунад ва дар охир маълум мешавад, ки ӯ одам ҳам нест.
 "Манижа, шумо олӣ ҳастед! Салом аз як мухлиси лаҳистонӣ! Ба он мавҷи нафрат эътибор надиҳед", - менависанд тамошобинони хориҷӣ ба овозхон. Шореҳи дигар илова кард, ки "ин ҳолат нишон дод, ки чӣ қадар одамони оқилу солимфикр ҳанӯз зиёданд".
Лентаи хабарҳо
0