https://sputnik.tj/20210207/Tramp-khushbakhtar-ast-mushovir-1032777671.html
Трамп пас аз тарки вазифа аз пештара хушбахттар аст - мушовир
Трамп пас аз тарки вазифа аз пештара хушбахттар аст - мушовир
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари собиқи Иёлоти Муттаҳида, пас аз тарки Кохи Сафед, аз ҳар вақта дида хушбахттар аст ва аз он меболад, ки зарурати посух додан дар шабакаҳои иҷтимоиро... 07.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-07T21:03+0500
2021-02-07T21:03+0500
2021-02-08T11:03+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
сиёсат
доналд трамп
хушбахтӣ
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102243/71/1022437159_0:0:2775:1567_1920x0_80_0_0_d443dbf4f9cf99f48bdd5ddc5f409628.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Мушовири аршади Трамп, Ҷейсон Миллер гуфт, ки президенти пешини ИМА ва раҳбари ҷумҳурихоҳон пас аз тарки Кохи Сафед худро хушбахт эҳсос мекунад.Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида бо маъмурияти Вашингтон хайрухуш кард ва ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания рӯзи 20 январ, чанд соат қабл аз савгандёдкунии Ҷо Байден Кохи Сафедро тарк кард.Мушовири аршади Доналд Трамп ҳамроҳ бо ӯву оилааш дар дохили ҳавопаймо, ки самти қасри ӯ дар Флорида парвоз мекард, ҳузур дошт.Мушовир гуфтааст, ки ҳамсари Трамп Мелания низ хеле хушбахттар шудааст. Қаблан, духтар ва дасти рости президенти собиқ Иванка тасмим гирифтанд, ки Вашингтонро тарк карда, ба Флорида, ба маконе бо номи "бункери миллиардер" кӯчанд.
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102243/71/1022437159_0:22:2775:1766_1920x0_80_0_0_209c3e1090b323893e5b48b9cc66eea3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , доналд трамп, хушбахтӣ, амрико
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , доналд трамп, хушбахтӣ, амрико
Трамп пас аз тарки вазифа аз пештара хушбахттар аст - мушовир
21:03 07.02.2021 (Навсозишуда: 11:03 08.02.2021) Раҳбари собиқи Иёлоти Муттаҳида, пас аз тарки Кохи Сафед, аз ҳар вақта дида хушбахттар аст ва аз он меболад, ки зарурати посух додан дар шабакаҳои иҷтимоиро надорад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Мушовири аршади Трамп, Ҷейсон Миллер гуфт, ки президенти пешини ИМА ва раҳбари ҷумҳурихоҳон пас аз тарки Кохи Сафед худро хушбахт эҳсос мекунад.
Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида бо маъмурияти Вашингтон хайрухуш кард ва ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания рӯзи 20 январ, чанд соат қабл аз савгандёдкунии Ҷо Байден Кохи Сафедро тарк кард.
"Президент пас аз рафтан табъи хеле хуб дошт.Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд ман дидам, ки президент воқеан ором аст", - иқтибос меорад рӯзномаи Times аз Миллер.
Мушовири аршади Доналд Трамп ҳамроҳ бо ӯву оилааш дар дохили ҳавопаймо, ки самти қасри ӯ дар Флорида парвоз мекард, ҳузур дошт.
"Президент гуфт, ки аз ҳарвақта дида хушбахттар аст. Вай гуфт, ки дарвоқеъ бисёр хуб аст, вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестӣ ва зарурати ба касе посух навиштанро надорӣ", - ба ёд овардааст Миллер суханони собиқ кишвардори Амрикоро.
Мушовир гуфтааст, ки ҳамсари Трамп Мелания низ хеле хушбахттар шудааст. Қаблан, духтар ва дасти рости президенти собиқ Иванка тасмим гирифтанд, ки Вашингтонро тарк карда, ба Флорида, ба маконе бо номи "бункери миллиардер" кӯчанд.