https://sputnik.tj/20210315/Irlandiya-vaksina-AstraZeneca-1033000499.html
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
Sputnik Тоҷикистон
Дасткашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора зиёд шуд 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T09:30+0500
2021-03-15T09:30+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ваксина
аврупо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759697_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8f78d67aac1c233642ee7a40fb5ef546.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Шӯрои миллии машваратии эмгузаронӣ дар Ирландия таваққуфи истифодаи ваксинаи бритониёӣ ва шведии AstraZeneca-ро тавсия дод, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ дар Твиттер.Шӯро ин тавсияро пас аз гузоришҳо аз Норвегия дар бораи чор ҳолати нави ихтилоли шадиди хунравӣ дар ваксинаҳо содир кард.Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки робитаи байни ин ҳолатҳо ва ваксинаҳои AstraZeneca ҳанӯз муайян карда нашудааст, аммо бо мақсади эҳтиёт ваксиназанӣ бояд муваққатан қатъ карда шавад.Қаблан истифодаи ваксинаҳои AstraZeneca аз ҷониби баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Австрия, Дания, Норвегия, Исландия, Булғористон, Эстония боздошта шуда буд.Сабаб инчунин гузоришҳо дар бораи лахташавии хун дар эмшудаҳо гуфта мешавад.Агентии доруҳои аврупоӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳолатҳои пайдоиши мушкилоти тромбоэмболиро дар пайи ваксинаи AstraZeneca идома медиҳад, ба ҳар ҳол бовар дорад, ки то ҳол ягон далеле вуҷуд надорад, ки ваксина онҳоро ба вуҷуд овардааст.Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавадСаркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора авҷ гирифт.Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфтМавқеи кумитаи бехатарии АДА аз он иборат аст, ки манфиатҳои дору аз хавфҳои марбут зиёдтаранд ва ваксиназанӣ метавонад идома ёбад.Худи истеҳсолкунанда бехатарии доруро эълон кард.
https://sputnik.tj/20210309/vaksina-AstraZeneca-Tojikiston-1032967462.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759697_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_122169a623b8965933dca60489cad226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, аврупо, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, аврупо, коронавирус
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
09:30 15.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дасткашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Шӯрои миллии машваратии эмгузаронӣ дар Ирландия таваққуфи истифодаи ваксинаи бритониёӣ ва шведии AstraZeneca-ро тавсия дод, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ дар Твиттер.
Шӯро ин тавсияро пас аз гузоришҳо аз Норвегия дар бораи чор ҳолати нави ихтилоли шадиди хунравӣ дар ваксинаҳо содир кард.
Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки робитаи байни ин ҳолатҳо ва ваксинаҳои AstraZeneca ҳанӯз муайян карда нашудааст, аммо бо мақсади эҳтиёт ваксиназанӣ бояд муваққатан қатъ карда шавад.
Қаблан истифодаи ваксинаҳои AstraZeneca аз ҷониби баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Австрия, Дания, Норвегия, Исландия, Булғористон, Эстония боздошта шуда буд.
Сабаб инчунин гузоришҳо дар бораи лахташавии хун дар эмшудаҳо гуфта мешавад.
Агентии доруҳои аврупоӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳолатҳои пайдоиши мушкилоти тромбоэмболиро дар пайи ваксинаи AstraZeneca идома медиҳад, ба ҳар ҳол бовар дорад, ки то ҳол ягон далеле вуҷуд надорад, ки ваксина онҳоро ба вуҷуд овардааст.
Саркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора авҷ гирифт.
Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.
Мавқеи кумитаи бехатарии АДА аз он иборат аст, ки манфиатҳои дору аз хавфҳои марбут зиёдтаранд ва ваксиназанӣ метавонад идома ёбад.
Худи истеҳсолкунанда бехатарии доруро эълон кард.