Таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкТурист фотографирует пейзажи
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон боз се ширкати нави сайёҳӣ – “Рангоранг тур”, “Ориён Тур” ва “Чор кӯҳ” таъсис ёфта, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии “Сари Хосор тревел” тамдид гардид
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Бо қарори комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, ки самти фаъолияташон бештар воридотӣ мебошад.
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2020
Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ ба 218 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст.
Гуфта шудааст, ки аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 6 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд. Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи иттилои расмӣ соли гузашта беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф вориди Тоҷикистон шуданд, ки 909 ҳазор ва 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 будааст. 
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунанд ва ҳеч як аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиши даромад, фаъолияти худро қатъ накардааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174 миллион долларӣ дар бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0