https://sputnik.tj/20210311/Mutakhassison-Rospotrebnadzor-epidemiolog-Tojikiston-1032980355.html
Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Як гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T09:00+0500
2021-03-11T09:00+0500
2021-08-10T16:35+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷамолиддин абдуллозода
сафири русия
дар русия
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/60/1030066064_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_2198e2ae16310628d19ea55748d412a8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, зимни вохурӣ сафири Русия иттилоъ додааст, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия -Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохӯрӣ ва табодули таҷриба намоянд. Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавадЗимни мулоқот ҳамзамон вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Русия изҳори миннатдорӣ баён намудааст.Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.Парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон аз Ростов роҳандозӣ мешавадБар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.
https://sputnik.tj/20210211/Vazir-guft-Rusiya-baroi-az-sar-giriftani-parvozo-ch-shart-guzoshtaast-1032811714.html
https://sputnik.tj/20210305/bahor-barqaror-parvoz-Rusiyau--Tojikiston-1032946016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/60/1030066064_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_da7318a9f82329bf1fe45236e9e672db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода, сафири русия, дар русия, мулоқот
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода, сафири русия, дар русия, мулоқот
Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
09:00 11.03.2021 (Навсозишуда: 16:35 10.08.2021) Як гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, зимни вохурӣ сафири Русия иттилоъ додааст, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия -Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохӯрӣ ва табодули таҷриба намоянд.
Зимни мулоқот ҳамзамон вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Русия изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.