Вазир гуфт, Русия барои аз сар гирифтани парвозҳо чӣ шарт гузоштааст

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Обуна шудан
Аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт дар сурате, ки комиссия собит кунад, ки СОVID-19 дар Тоҷикистон нест, масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русия баррасӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Бояд қайд кард, ки Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавирус парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд.
Қатъи парвозҳо сабабгори он шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон натавонистанд барои кор ба Русия сафар кунанд.
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд
Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат таъкид дошт, ки аз ширкатҳои Русия барои ба кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дархости зиёд гирифтаанд, вале ба сабаби баста будани марзҳо ва мунтазам набудани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани шаҳрвандони аксар давлатҳо, иҷрои ин кор ғайриимкон аст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки  мутахассисони “Роспотребнадзор”- и Русия (Хадамоти федеролии назорати ҳуқуқи муштариён) барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Ширин Амонзода имрӯз бори дигар қайд кард, ки дар ду моҳи ахир дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт нашудааст.
Дар маҷмӯъ бештар аз ду ҳафта аст, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар кишвар ягон мавриди сироятёбӣ коронавирусро сабт накардааст.
Вазорати тандурустӣ имрӯз 11-уми феврал иттилоъ дод, ки дар 24 соати гузашта ягон ҳолати сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гиифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0