https://sputnik.tj/20210305/bahor-barqaror-parvoz-Rusiyau--Tojikiston-1032946016.html
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Sputnik Тоҷикистон
Хабарҳо дар бораи барқарорсозии қарибулвуқӯи парвозҳои байни Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ... 05.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-05T09:30+0500
2021-03-05T09:30+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032153190_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_d1e7e7426200a81c7bc91c6ec5f4e1b8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Русия нигаронкунанда нест, гуфт дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи Авиапанорама, генерал-майор, халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ, коршиноси мустақил Владимир Попов.Ӯ мегӯяд, ба беҳ шудани вазъият асосан эмгузаронии сартосарии аҳолӣ мусоидат мекунад.Коршинос қайд кард, дар назар аст, ки дар оянда хатҳои истеҳсоли ваксинаи коронавирус дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дода шаванд."Дар бораи Тоҷикистон дақиқ гуфтан ғайриимкон аст. Фикр мекунам, ки он дар миёнаи тобистон воқеан намоён хоҳад шуд", - илова кард халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия.Коршинос тахмин мезанад, ки парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон барвақттар кушода мешаванд.Попов қайд кард, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ, коркарди системаи назорати муштараки мусофирон дар фурудгоҳҳо зарур аст.Муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Авиапанорама" илова кард, ки минбаъд пӯшидани марзҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест: бояд имконият дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия оянд ва русҳо дар таътил парвоз кунанд, ки ин бахши туризмро дастгирӣ хоҳад кард.Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шудМубодилаи мутақобила бо сайёҳони кишварҳои ИДМ барои осоишгоҳҳои Русия низ муфид аст.Ин нуқтаи назари Попов дар ҳолест, ки ду рӯз қабл раҳбари фурудгоҳи Внуково дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъи коронавирус дар Тоҷикистон беҳтар гашта, интизори кушодани марзҳо дар моҳҳои апрей - май ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210303/Intizori-furudgoh-Vnukovo-parvoz-Tojikiston-1032933856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032153190_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_6d58e06161a9c7d714ecd9a7e3d8ad5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
09:30 05.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Хабарҳо дар бораи барқарорсозии қарибулвуқӯи парвозҳои байни Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ, коршиноси мустақил Владимир Попов шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Русия нигаронкунанда нест, гуфт дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи Авиапанорама, генерал-майор, халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ, коршиноси мустақил Владимир Попов.
Ӯ мегӯяд, ба беҳ шудани вазъият асосан эмгузаронии сартосарии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Коршинос қайд кард, дар назар аст, ки дар оянда хатҳои истеҳсоли ваксинаи коронавирус дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дода шаванд.
"Дар бораи Тоҷикистон дақиқ гуфтан ғайриимкон аст. Фикр мекунам, ки он дар миёнаи тобистон воқеан намоён хоҳад шуд", - илова кард халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия.
Коршинос тахмин мезанад, ки парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон барвақттар кушода мешаванд.
Попов қайд кард, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ, коркарди системаи назорати муштараки мусофирон дар фурудгоҳҳо зарур аст.
Муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Авиапанорама" илова кард, ки минбаъд пӯшидани марзҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест: бояд имконият дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия оянд ва русҳо дар таътил парвоз кунанд, ки ин бахши туризмро дастгирӣ хоҳад кард.
Мубодилаи мутақобила бо сайёҳони кишварҳои ИДМ барои осоишгоҳҳои Русия низ муфид аст.
Ин нуқтаи назари Попов дар ҳолест, ки ду рӯз қабл раҳбари фурудгоҳи Внуково дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъи коронавирус дар Тоҷикистон беҳтар гашта, интизори кушодани марзҳо дар моҳҳои апрей - май ҳастанд.