https://sputnik.tj/20210310/TOLOnews-roh-qochoq-tillo-dollar-afgon-1032975199.html
TOLOnews гуфт, бузургтарин роҳи қочоқи тиллову долларҳои афғонӣ ба кадом давлат аст
TOLOnews гуфт, бузургтарин роҳи қочоқи тиллову долларҳои афғонӣ ба кадом давлат аст
Sputnik Тоҷикистон
Хабаргузории Афғонистон TOLOnews бо истинод ба баъзе санадҳо дар бораи интиқоли миллионҳо доллар ва садҳо кило тилло аз Афғонистон тавассути кишварҳои ҳамсоя... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T13:20+0500
2021-03-10T13:20+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
афғонистон
ӯзбекистон
тилло
доллар
қочоқ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/26/1030692667_0:155:2976:1829_1920x0_80_0_0_58497b2118eb3367fa7f6cac3dc8f068.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар як ҳолат, 66 миллион доллар ва 329 кило тилло тавассути бандари Ҳайратон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон интиқол дода шудааст, навиштааст.Манбаъҳо ба TOLOnews гуфтаанд, ки як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ ва сиёсатмадорон дар ҳамкорӣ бо як қатор мансабдорони давлатӣ дар бандари Ҳайратон мунтазам асъор ва тиллоро аз қаламрави кишвар интиқол медиҳанд.Бо истинод ба ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳо дар мақомоти давлатӣ, далел оварда мешавад, ки аз аввали соли равон 329 кило тилло ба маблағи 59,65 миллион доллар аз Афғонистон ба хориҷи кишвар содир шудааст.Гузориш ба Рустами Эмомалӣ аз боздошти Сафарову Назаров бо 90 кило тиллою садҳо ҳазор пулАз сӯйи дигар, манобеъ аз ҳукумати Кобул гуфтаанд, ки танҳо тавассути бандари Хайратон ҳар рӯз ба Ӯзбекистон ва сипас тавассути кишварҳои дигар ба маблағи тақрибан 8 миллион доллар асъори хориҷӣ интиқол дода мешавад.Тибқи санадҳо гуфта мешавад, чанд маъмури амниятӣ ва мансабдорони бандари Ҳайратон, шахсони қудратманд, сиёсатмадорон ва як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ дар қочоқи асъор ва тилло даст доранд.Ба гуфтаи бархе аз аъзои порлумон, қочоқи пул ва тилло аз Бандар Баҳор як амри маъмулӣ шудааст, аммо ин аъмоли ғайриқонунӣ ҳатто барои амнияти миллии ин кишвар хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад."Дар парлумон нафароне ҳастанд, ки пул ва тилло интиқол медиҳанд ва дар ҳукумат масъалаҳои пул, қочоқ ва сармои миллӣ мавҷуданд",- гуфт Абдул Саттор Ҳусейнӣ, узви палатаи намояндагони Фараҳ.Баъзе аъзои палатаи намояндагон чунин гуфтаанд, ки ин ҳалқаи мафия кӯшиш мекунад, ки дар хориҷа пулшӯӣ кунанд.Ҷовид Сафӣ, узви Комиссияи молия ва буҷаи Маҷлиси Намояндагони афғонистон гуфтааст, ки: "Маҳз пули сиёҳ аст, ки ба ин ҷо омада сафед мешавад ва он гоҳ дар дасти оппозисиюн мерасад ва дар ҳамлаҳои террористӣ истифода мешавад .. . "Ёдовар мешавем мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки моҳи ноябри соли гузашта 90 кило тилло ва 15 миллион долларро, ки аз Афғонистон ворид шудаву мебоист ба Дубай бурда шавад, мусодира карданд.Тилло ва долларҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон: кӣ аз куҷо ба куҷо мехост барад?Баъдан расонаҳои Афғонистон гуфтанд, ки ин пулу тилло ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон тааллуқ дорад, аммо ӯ зимни як суҳбат инро рад карду гуфт, сиёсатмадор аст, на тоҷир.
https://sputnik.tj/20210301/Katavozay-tillo-millionho-Dushanbe-1032908870.html
https://sputnik.tj/20210218/kormand-gumruk-qochoq-bozdosht-1032846175.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/26/1030692667_166:0:2811:1984_1920x0_80_0_0_47580b24398935c845564c73f427b86f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, афғонистон, ӯзбекистон, тилло, доллар, қочоқ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, афғонистон, ӯзбекистон, тилло, доллар, қочоқ, дар тоҷикистон
TOLOnews гуфт, бузургтарин роҳи қочоқи тиллову долларҳои афғонӣ ба кадом давлат аст
13:20 10.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Хабаргузории Афғонистон TOLOnews бо истинод ба баъзе санадҳо дар бораи интиқоли миллионҳо доллар ва садҳо кило тилло аз Афғонистон тавассути кишварҳои ҳамсоя хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар як ҳолат, 66 миллион доллар ва 329 кило тилло тавассути бандари Ҳайратон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон интиқол дода шудааст, навиштааст.
Манбаъҳо ба
TOLOnews гуфтаанд, ки як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ ва сиёсатмадорон дар ҳамкорӣ бо як қатор мансабдорони давлатӣ дар бандари Ҳайратон мунтазам асъор ва тиллоро аз қаламрави кишвар интиқол медиҳанд.
Бо истинод ба ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳо дар мақомоти давлатӣ, далел оварда мешавад, ки аз аввали соли равон 329 кило тилло ба маблағи 59,65 миллион доллар аз Афғонистон ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Аз сӯйи дигар, манобеъ аз ҳукумати Кобул гуфтаанд, ки танҳо тавассути бандари Хайратон ҳар рӯз ба Ӯзбекистон ва сипас тавассути кишварҳои дигар ба маблағи тақрибан 8 миллион доллар асъори хориҷӣ интиқол дода мешавад.
"Ҷараёни ғайриқонунии нақд аз дохили Афғонистон ба хориҷ ва дохили кишвар як мушкили бисёр бунёдӣ аст, ки ҳукумати Афғонистон натавонист онро пешгирӣ кунад",- гуфт Икром Афзалӣ, раиси Transparency International Афғонистон.
Тибқи санадҳо гуфта мешавад, чанд маъмури амниятӣ ва мансабдорони бандари Ҳайратон, шахсони қудратманд, сиёсатмадорон ва як қатор аъзои Маҷлиси Миллӣ дар қочоқи асъор ва тилло даст доранд.
Ба гуфтаи бархе аз аъзои порлумон, қочоқи пул ва тилло аз Бандар Баҳор як амри маъмулӣ шудааст, аммо ин аъмоли ғайриқонунӣ ҳатто барои амнияти миллии ин кишвар хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
"Дар парлумон нафароне ҳастанд, ки пул ва тилло интиқол медиҳанд ва дар ҳукумат масъалаҳои пул, қочоқ ва сармои миллӣ мавҷуданд",- гуфт Абдул Саттор Ҳусейнӣ, узви палатаи намояндагони Фараҳ.
Баъзе аъзои палатаи намояндагон чунин гуфтаанд, ки ин ҳалқаи мафия кӯшиш мекунад, ки дар хориҷа пулшӯӣ кунанд.
Ҷовид Сафӣ, узви Комиссияи молия ва буҷаи Маҷлиси Намояндагони афғонистон гуфтааст, ки: "Маҳз пули сиёҳ аст, ки ба ин ҷо омада сафед мешавад ва он гоҳ дар дасти оппозисиюн мерасад ва дар ҳамлаҳои террористӣ истифода мешавад .. . "
Ёдовар мешавем мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки моҳи ноябри соли гузашта 90 кило тилло ва 15 миллион долларро, ки аз Афғонистон ворид шудаву мебоист ба Дубай бурда шавад, мусодира карданд.
Баъдан расонаҳои Афғонистон гуфтанд, ки ин пулу тилло ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон тааллуқ дорад, аммо ӯ зимни як суҳбат инро рад карду гуфт, сиёсатмадор аст, на тоҷир.