Катавозай гуфт, тиллову миллионҳои дар Душанбе дастгиршуда аз ман нест: аз кист?

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкЗолото, архивное фото
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Обуна шудан
Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон гуфт, ки тиллову пулҳои дар Тоҷикистон боздоштшуда аз ӯ нест
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Ин намояндаи парлумони Афғонистон, ки ҳоло бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор додар, ба рӯзноманигорон ин иттилоияро рад кардааст.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Тилло ва долларҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон: кӣ аз куҷо ба куҷо мехост барад?
Номбурда гуфтааст, ман сиёсатмадор ҳастам на тоҷир.
Ӯ ҳамзамон баъзе аз назарот, ки барои ҳалли қазияи пулу тилло ба Тоҷикистон омадааст, рад карда гуфт, ин ҳама овозаҳои бепоя ҳастанд.
Ёдовар мешавем, расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки наздики 90 кило тиллою пули қочоқии боздоштшуда дар фурудгоҳи Душанбе моли Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон мебошад.
Телевизиони 1-и Афғонистон мегӯяд, тиллою пули боздоштшуда дар фурудгоҳи Душанбе моли Муҳаммад Мирзо Катавозай, ноиби аввали раиси парлумони Афғонистон аст, ки феълан дар қатори як ҳайати баландпоя дар Тоҷикистон қарор дорад.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, пули нақду тилло асосан бо мошинҳои боркаш ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода шуда, аз он ҷо ба кишварҳои арабӣ фиристода мешавад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки феълан як ҳайати баландпоя таҳти роҳбарии раиси парлумони Афғонистон, Мирраҳмон Раҳмонӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, мулоқоти ҳайат бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар назар аст.
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Се корманди гумрук низ барои талоши қочоқи 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул боздошт шудаанд
Юсуф Раҳмон, ахиран боздошти гуруҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ карда буд.
“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни ҳисоботи ахираш ба Маҷлиси миллӣ.
Додситони кулли Тоҷикистон аз қочоқбарон Назаров.С. ва Сафаров.Ф. ном бурдааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардидаанд.
Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ карда, афзуд ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се кормандашон низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ дар ин мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0