“Бозгашти генерали ғариб”: вафот дар Тошканд ва қабр дар канори амири Бухорову Аҳмад Зоҳир

© Вазорати дифои АфғонистонГенерал Набӣ Азимиро дар Афғонистон ба хок супурданд
Генерал Набӣ Азимиро дар Афғонистон ба хок супурданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Обуна шудан
Набӣ Азимӣ, генерали маъруф ва аз нависандагони хушноми Афғонистон, дар як маросими расмӣ дар Кобул ба хок супурда шуд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Генерали номӣ, муовини асбақи вазорати дифоъи миллӣ ва нависандаи забардасти Афғонистон, ки чанд рӯз пеш дар Тошканд даргузашт, имрӯз дар Кобул зимни як маросими расмӣ дафн гардид.
Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 6 март, пайкари генерал Набӣ Азимӣ, бо ҳузури Муҳаммад Ёсин Зиё, сардори Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба майдони ҳавоии Кобул ва аз он ҷо ба шифохонаи Сардор Муҳаммад Довудхон интиқол дода шуд.
“Маросими ҷанозаи генерал Набӣ Азимиро як комиссияи хос, ки аз сӯи вазорати дифоъ таъсис ёфта буд, ба зимма дошт. Ӯ дар як маросими хоси низомӣ бо ҳузури мақомҳои аршади вазорати дифоъи миллӣ, генералҳову афсарон ва аъзои хонаводаи марҳум дар Кобул ба хок супурда шуд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур, Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои миллии мусолиҳаи миллӣ ва даҳҳо шахсияти маъруфи Афғонистон даргузашти генерал Азимиро ба хонаводаву тарафдоронаш тасаллият гуфта буданд.
Аксари онҳо замоне бо Азимӣ меҷангиданд ва ё Азимӣ бо онҳо меҷангид. Азимӣ коммунисти боақида буд, дигарон муҷоҳиду демократҳои рӯ ба Ғарб.
Аз сӯи дигар, то ин вақт ҳеҷ кас ба ин таваҷҷӯҳ накард, ки на он қадар дур аз Афғонистон, дар Тошканд як генерали хушноми ин сарзамин дар ғурбат зиндагӣ мекард ва ҳоло ин қадар сару садо ва ғамшарикиҳо. Азимӣ кӣ буд?

Муҳаррики кудатоҳо

Генерал – майор Муҳаммад Набӣ Азимӣ фарзанди Ғулом Ҳайдархон 23 ноябри соли 1943 дар хонаводаи миёнаҳоли низомиён дар шаҳри Кобул таваллуд шуда, аз лисаи Ҳабибия санади бакалавриро ба даст овард ва дар соли 1964 Донишгоҳи низомии Кобулро бо рутбаи дувум бридман (лейтенанти хурд)  хатм кард.
Номи Набӣ Азимӣ бо таҳаввулоти се даҳаи аввали ҷанг дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи он чеҳраҳоест, ки таърихро месохтанд ва корномаҳояшон ба номи раҳбарон сабт мешуд.
Азимӣ аз аъзои матраҳи ҷиноҳи “Парчам” – и Ҳизби демократики халқ (ҲДХ), ҳизби коммунистони Афғонистон ва аз ҷонибдорони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Коммунистҳо дар кудатои соли 1972, ки дар пайи он Зоҳиршоҳ аз тахт маҳрум ва Довудхон ба қудрат расид, нақши асосиро доштанд.
Ҳабиб Ҳамидзода, рӯзноманигор ва муҳаққиқи фаъолиятҳои Набӣ Азимӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Азимӣ он замон фармондеҳи як тула (рота) – и урдуи Афғонистон буд.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико
“Шаби кудато, ки умдатан ба дасти низомиёни коммунист амалӣ мешуд, Азимӣ вазири дифоъи ҳукумати шоҳ – Хон Муҳаммадхонро боздошт ва ба манзили Сардор Довуд интиқол дод. Ҳамон шаб ӯ бинои Хонаи радиои Кобуро низ забт намуда, заминаи муроҷиати Довуд ба мардумро фароҳам сохт.
Довуд он замон суқути низоми шоҳӣ ва оғози даврони ҷумҳурият дар Афғонистонро эълон кард”, - гуфт Ҳабиб Ҳамидзода
Дар пайи ин кудато Наби Азимӣ ду рутба боло рафта, рутбаи ҷагран (майор) – ро камоӣ мекунад ва фармондеҳи ғунди 717 – и горинизони Кобул таъйин мешавад. Вай ба монанди дигар ҳамразмонаш бовар доштанд, ки ба омадани ҷумҳурият ба ҷои салтанат Афғонистон ба тараққиву саодат хоҳад расид.
Аммо чунин нашуд. Довуд хати машйи сиёсаташро тағйир дода, ба коммунистон ва Шӯравӣ пушт гардонд.
Зокирзода гуфт, Афғонистон барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад
 27 апрели 1978 бо раҳбарии низомиёни ҲДХ Инқилоби Савр рух дод, ки Азимӣ низ дар қатори онҳо буд.  Дар замони Ҳафизуллоҳ Амин ӯ фармондеҳи фирқа (дивизия) - и 14 – и Ғазнӣ таъйин шуд, аммо дар тавтиаҳои баъдӣ миёни ҷиноҳҳои “Халқ” – и “Парчам” ширкат накард.
Пас аз инқилоб ӯ барои як давраи аркони ҳарбӣ ё доктории низомӣ ба Академияи низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ба таҳсил рафт.

Хунсогари кудатоҳо

Моҳи март, моҳе, ки Азимӣ рафт, моҳи корномаҳои таърихии Азимӣ буд. Соли 1989 ду ҳафта пас аз хуруҷи комили нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон (15 феврал) мухолифини ҷиҳодии режими коммунистии Кобул як амалиёти бузургеро ба манзури забти шаҳри Ҷалолобод шуруъ карданд, ки дар таърих бо номи “Ҷанги Ҷалолобод” маъруф аст.
Истихбороти ҷаҳонӣ - Покистон, Амрико ва Арабистони Саудӣ мехостанд, ки Ҷалолободро аз нерӯҳои ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ озод намуда, як ҳукумати муҷоҳидинро ба вуҷуд оранд. Аммо ин тарҳ ба осонӣ хунсо шуд. Генерал Азимӣ, он замон муовини вазири дифоъи Афғонистон, фармондеҳи неруҳои ҳукуматӣ буд.
Ин аввалин набарди бузург буд, ки режими Кобул бидуни ширкати нерӯҳои Шӯравӣ муҷоҳидинро ба шикасти ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтанд.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд
Набӣ Азимӣ дар кудатои Танай – Ҳикматёр (6 марти 1990) низ нақши аввалро бозид. Ӯ бо истифода аз горнизони Кобул, ки фармондеҳаш буд, ин кудаторо хунсо сохт ва ҳукумати Наҷибуллоҳро наҷот дод. Аммо соли 1992 ӯ бо иттифоқи генерал, ҳоло маршал Абдурашид Дӯстум нагузошт, ки Наҷибуллоҳ ба Ҳиндустон фирор кунад. Азимӣ ин барномаро "фирор ва хиёнат" хонда буд.
Ҳабиб Ҳамидзода корнамоии дигари Азимиро ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои Гулбиддин Ҳикматёр ба Кобул ва интиқоли сулҳомези қудрат ба муҷоҳидин дар соли 1992 мехонад.
“Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз вуруд ба шаҳри Кобул ба дафтари ӯ дар горнизон рафт ва дар ҳузури генералҳои Ҳизби демократики халқ, муҷоҳидин ва хабарнигорон гуфт, агар Азимӣ намебуд, Ҳикматёр дар шаҳри Кобул ҷуйи хун ҷорӣ ва ҳамагиро қатли ом мекард.
Он замон яке аз генералҳои ҳамҳизбаш ба Азимӣ корти узвияти Ҷамъияти исломиро медиҳад, аммо Азимӣ мегӯяд: "Рафиқи азиз, ман узви Ҳизби демократики халқи Афғонистон ҳастам ва то сарҳади марг намехоҳам ин ифтихорро аз даст бидиҳам”, - гуфт Ҳабиб Ҳамидзода.
Баъдтар Азимӣ дар хотираҳои худ дар посух ба онҳое, ки ӯро ба қавмгароӣ муттаҳам мекарданд, гуфта буд: "Ин ки (Ҳикматёр) мегуфт, медарам, барбод мекунам, тахриб мекунам ва интиқом мегирам.
Дигаре (Масъуд) мегуфт, ба ҳеҷ кас зарар намерсонам, мардуми Кобулро ҳимоят мекунам, аъзои ҳизбро масъуният медиҳам, назмро ба вуҷуд меоварам ва ҳақро ба ҳақдор мерасонам. Ду бархӯрди мутазод. Агар ту мебудӣ бо кадом як мерафтӣ?"
Дидори сафири Афғонистон бо Зуҳуров ва изҳори сипоси генерал аз Ағбар
Набӣ Азимӣ дар вазорати дифоъи ҳукумати муҷоҳидин то соли 1996 дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифоъ кор кард ва бо омадани Толибон ба хориҷи кишвар – Ҳоланду Русия рафта, ниҳоят дар Ӯзбекистон оромиш ёфт.

Адиб – генерал

Набӣ Азимӣ пас аз суқути режими коммунистӣ дар Кобул даст ба қалам бурд ва яке аз шоҳкориҳои таърихнигории Афғонистони муосир – китоби «Урду ва сиёсат дар се даҳаи охири Афғонистон»-ро навишт, ки  яке аз мувассақтарин ҳуҷҷатҳо дар мавриди урдуи Афғонистон аз замон шоҳӣ то замони суқути давлати ҷумҳурии Афғонистон ба шумор меояд.
Раззоқи Маъмун, яке аз дӯстони Азимӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал чандин асари дигари пажӯҳишӣ, нақд, роман ва достон дорад, ки ҷомаи чоп ба бар карда, мавриди истиқболи мардум қарор гирифтаанд:
“Унвони романи “Сояҳои ҳавл” дар машварат бо ман гузошта шуда буд. Азимӣ дар осори адабии худ низ истеъдоди фавқулоддаашро ба намоиш мегузорад. Ҳаводиси се даҳаеро дар ҷомеае, ки худ яке аз созандагонаш буд, бо тамоми зебоиву ранҷу дардаш ба қалам медиҳад”, - гуфт Раззоқи Мӯъмин.
Аз генерал то тарҷумон: даргузашти собиқадорони ҷанги Афғонистон дар даври “вируси корона”
Романҳои "Воҳимаҳои заминӣ", "Сояҳои ҳавл", “Фирор” ва чандин достон аз маҳсули нависандагии генераланд. Ӯ мақолаҳои сиёсиву илмӣ, адабиву фарҳангӣ низ менавишт ва дар расонаҳо ба нашр мерасонд. Як замон сафҳаеро низ дар шабакаҳои интернетӣ гардонандагӣ мекард, ки ба номи “Дуруст бинависем” ва қоидаҳои имлои забони форсӣ тахассус ёфта буд.

“Мавҷуди саргаштаву ғариб”

Набӣ Азимӣ 3 марти соли равон, соати 12:08 дақиқаи баъд аз зӯҳр дар умри 78-солагӣ бар асари хунрезии мағзӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Тошканд ба ҷовидона пайваст.
Пайкари ӯ дар қабристони Шуҳадои Солеҳини Кобул, ҷое, ки подшоҳи Бухоро - Амир Олимхон, хунёгарони маъруф – устод Сароҳанг ва Аҳмад Зоҳир дафн шудаанд, ба хок супурда шуд.
На 201-й РВБ почтили память воинов-интернационалистов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо
Раззоқи Маъмун мегӯяд, ӯ сарбаланду содқона зист, дастонаш тоза аз ҳар гуна олудагӣ буд.
“Бо он ҳама қудрату салоҳияти давлатие, ки дошт, як хонаи шахсӣ аз худ ба ҷо нагузошт. Як нимутоқаеро, ки дар микрорайони Кобул дошт, фурӯхт ва аз пули он ба зиндагии табъидиаш дар Ӯзбекистон идома дод”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
Азимӣ дар китоби “Урду ва сиёсат”, ки дар ғурбат навишта шуда буд, мегӯяд: «Ошуфтагиҳои сарнавишти ман, бо буҳронитарин авзоъу аҳволи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳу ҳамзамон буд, сарзамине, ки бар асари ҳаққ таваллуд, шодмониҳо, хушиҳо ва беҳтарин чизҳо ба ман дода буд ва дар он намаки қудрату шӯри ғурурро чашида будам, дигар аз даст рафта буд ва мо монанди як мавҷуди саргаштаву ғариб аз боғҳову чаманзорҳои биҳиштии он ронда шуда будем…»
Ҳамин тавр, генерал, он марди саргаштаву ғариб, ба биҳишти гумкардаи худ баргашт.
Лентаи хабарҳо
0