https://sputnik.tj/20210215/yod-sarbozon-afqoniston-aks-poygoh-rusiya-1032830190.html
Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо
Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон маросими ёдбуди сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон вориди майдони набард буданд ва ҷон аз даст доданд, баргузор шуд 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T17:30+0500
2021-02-15T17:30+0500
2021-04-08T19:37+0500
акс
маҳфили поси хотир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032827453_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_13a1e9ea66fff20e5c4d721a9b8f70ec.jpg
Ҳамасола, рӯзи 15 феврал Ёдбуди сарбозон - интернатсионалистон баргузор мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1098 сарбозони Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд.Дар он рӯз генерал-лейтенант Борис Всеволодович Громов аз бронетранспортер ҷаҳида, купрукро убур намуд, ки он ҳамчун рамзи убур аз дарёи сарҳадии Амударё ҳисобида мешуд.Ин чорабинӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ хотима ёфтани ҷанги Афғонистонро, ки нӯҳ сол тӯл кашид ва ҷони беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони Шӯравиро гирифт, нишон дод.Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, сарбозони интернатсионалист қадрдонӣ карда шуданд.Ин чорабинӣ ба хотири сарбозони рус, ки дар хоки афғонистон ҷанг карда, қурбон шуданд, гузаронида шуд.Нахуст дар машқгоҳи Лоҳур фармондеҳии 201-уми Русия ҳамроҳ бо хизматчиёни ҳарбии қисми иктишоф ба собиқадорони ҷанг усули тайёрии ҷангӣ нишон дод.Аз ҷумла, дар шароити кӯҳӣ, низомиён маҳорати роҳбарӣ ба убур кардани нишебҳоро нишон доданд.Сари як пиёла чой: низомиёни рус куҳансарбози 109-солаи тоҷикро хабар гирифтанд - наворПас аз баргузории чорабиниҳо дар майдони тамрин, собиқадорон аз осорхонаи ҳарбии Пойгоҳи 201 дидан намуданд. Нимаи дуюми рӯз, хизматчиёни ҳарбӣ маҷмааи ёдгории Қаҳрамонони пойгоҳи низомии 201-ро зиёрат карда, дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд.Ба ёди қурбониёни Афғонистон як дақиқа сукут эълон шуд.
https://sputnik.tj/20210215/poygoh-rusiya-khotira-sarbozon-giromi-navor-1032829866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032827453_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_8e1f473f3480160c88c1cb5bb2967e57.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, маҳфили поси хотир, дар русия
акс, маҳфили поси хотир, дар русия
Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо 17:30 15.02.2021 (Навсозишуда: 19:37 08.04.2021 )
Дар Тоҷикистон маросими ёдбуди сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон вориди майдони набард буданд ва ҷон аз даст доданд, баргузор шуд
Ҳамасола, рӯзи 15 феврал Ёдбуди сарбозон - интернатсионалистон баргузор мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1098 сарбозони Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд.
Дар он рӯз генерал-лейтенант Борис Всеволодович Громов аз бронетранспортер ҷаҳида, купрукро убур намуд, ки он ҳамчун рамзи убур аз дарёи сарҳадии Амударё ҳисобида мешуд.
Ин чорабинӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ хотима ёфтани ҷанги Афғонистонро, ки нӯҳ сол тӯл кашид ва ҷони беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони Шӯравиро гирифт, нишон дод.
Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, сарбозони интернатсионалист қадрдонӣ карда шуданд.
Ин чорабинӣ ба хотири сарбозони рус, ки дар хоки афғонистон ҷанг карда, қурбон шуданд, гузаронида шуд.
Нахуст дар машқгоҳи Лоҳур фармондеҳии 201-уми Русия ҳамроҳ бо хизматчиёни ҳарбии қисми иктишоф ба собиқадорони ҷанг усули тайёрии ҷангӣ нишон дод.
Аз ҷумла, дар шароити кӯҳӣ, низомиён маҳорати роҳбарӣ ба убур кардани нишебҳоро нишон доданд.
Пас аз баргузории чорабиниҳо дар майдони тамрин, собиқадорон аз осорхонаи ҳарбии Пойгоҳи 201 дидан намуданд. Нимаи дуюми рӯз, хизматчиёни ҳарбӣ маҷмааи ёдгории Қаҳрамонони пойгоҳи низомии 201-ро зиёрат карда, дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд.
Ба ёди қурбониёни Афғонистон як дақиқа сукут эълон шуд.
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Гиромидошти хотираи сарбозони кушташуда, рӯзи 15 феврал баргузор шуд Гиромидошти хотираи сарбозони кушташуда, рӯзи 15 феврал баргузор шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1989 низомиёни Шӯравӣ хоки афғонистонро тарк карданд Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1989 низомиёни Шӯравӣ хоки афғонистонро тарк карданд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Маросими ёдбуди онҳо дар ҳудуди Пойгоҳи 201 - уми Русия мустақар дар Тоҷикистон доир шуд Маросими ёдбуди онҳо дар ҳудуди Пойгоҳи 201 - уми Русия мустақар дар Тоҷикистон доир шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Чорабинӣ бо ҳузури куҳансарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок карда, саломат баргаштанд, баргузор гардид Чорабинӣ бо ҳузури куҳансарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок карда, саломат баргаштанд, баргузор гардид
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Дар ин маросим ба хотири қурбониён лаҳзаи сукут эълон шуд Дар ин маросим ба хотири қурбониён лаҳзаи сукут эълон шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Зимнан, дар назди оташи ҷовидон ба хотири сарбозони ҷон бохта гулу гулдастаҳо гузошта шуд Зимнан, дар назди оташи ҷовидон ба хотири сарбозони ҷон бохта гулу гулдастаҳо гузошта шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Илова бар ин, барои пос доштани хотири онҳо низомиёни ҷавон сурудхонӣ мекарданд Илова бар ин, барои пос доштани хотири онҳо низомиёни ҷавон сурудхонӣ мекарданд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Назди оташи ҷовидон гулчанбар ҳам гузошта шуд Назди оташи ҷовидон гулчанбар ҳам гузошта шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Ҳамчунин куҳансарбозон аз ҳаммаслакони худ ёд карда, назди оташи ҷовидон гул гузоштанд Ҳамчунин куҳансарбозон аз ҳаммаслакони худ ёд карда, назди оташи ҷовидон гул гузоштанд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Дар фарҷон ба куҳансарбозон осорхонаи Пойгоҳи 201 - уми Русия нишон дода шуд Дар фарҷон ба куҳансарбозон осорхонаи Пойгоҳи 201 - уми Русия нишон дода шуд