https://sputnik.tj/20210216/Rusiya-sharti-vurudi-donishjuyon-1032838298.html
Русия шарти вуруди донишҷӯёнро эълон кард
Русия шарти вуруди донишҷӯёнро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо парвози ҳавопаймоҳоро аз сар гирифтааст, метавонанд ба таҳсил баргарданд 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T19:40+0500
2021-02-16T19:40+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
маориф
тандурустӣ
иҷозаи вуруд
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793080_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0b6d301ea1663ebba73f95001006a359.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо ҳаракати ҳавопайморо аз сар гирифтааст, барои роҳ ёфтан ба дарсҳо бояд аз ду озмоиш барои муайян кардани коронавирус гузаранд, хабар додааст сомонаи расмии "Роспотребнадзор". "Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки ҳаракати ҳавоӣ бо онҳо аллакай барқарор карда шудааст, барои муайян кардани COVID-19 бояд ду бор аз ташхис гузаранд", - навиштааст манбаъ.Таъкид шудааст, ки озмоиши якум бояд на кам аз се рӯзи тақвимӣ то омадан ба Федератсияи Русия ва дуюм дар давоми 72 соат пас аз ворид шудан ба Русия анҷом дода шавад.Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии санҷиш, ки пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия ба даст оварда шудаанд, метавонанд бо забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин баъд аз вуруд, то ба даст овардани натиҷаҳои озмоиши дуюм донишҷӯён бояд низоми гӯшанишиниро риоя кунанд.Феълан Русия ҳаракати ҳавопаймоиро бо 21 кишвар, аз ҷумла Туркия, Танзания, Швейтсария, АМА, Малдив, Миср, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Сербия, Куба, Ҷопон, Сейшел, Эфиопия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Финляндия, Юнон ва Сингапур барқарор кардааст. Бо Тоҷикистон ҳанӯз парвозҳои мунтазам барқарор нашудаанд. Барои муайян кардани вазъи эпидемиологӣ интизор меравад, ки ҳайати "Роспотребнадзор" ба Тоҷикистон сафар кунаду хулосаи худро ироа созад.
https://sputnik.tj/20210210/Tasmimi-Hukumati-Rusiya-darkhost-Rasulzoda-parvoz-1032795151.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793080_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d6d31328e9987b6c9bc2cc2523354e9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, маориф, тандурустӣ, иҷозаи вуруд, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, маориф, тандурустӣ, иҷозаи вуруд, дар тоҷикистон
Русия шарти вуруди донишҷӯёнро эълон кард
19:40 16.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо парвози ҳавопаймоҳоро аз сар гирифтааст, метавонанд ба таҳсил баргарданд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо ҳаракати ҳавопайморо аз сар гирифтааст, барои роҳ ёфтан ба дарсҳо бояд аз ду озмоиш барои муайян кардани коронавирус гузаранд, хабар додааст сомонаи расмии "Роспотребнадзор".
"Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки ҳаракати ҳавоӣ бо онҳо аллакай барқарор карда шудааст, барои муайян кардани COVID-19 бояд ду бор аз ташхис гузаранд", - навиштааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки озмоиши якум бояд на кам аз се рӯзи тақвимӣ то омадан ба Федератсияи Русия ва дуюм дар давоми 72 соат пас аз ворид шудан ба Русия анҷом дода шавад.
Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии санҷиш, ки пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия ба даст оварда шудаанд, метавонанд бо забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин баъд аз вуруд, то ба даст овардани натиҷаҳои озмоиши дуюм донишҷӯён бояд низоми гӯшанишиниро риоя кунанд.
Феълан Русия ҳаракати ҳавопаймоиро бо 21 кишвар, аз ҷумла Туркия, Танзания, Швейтсария, АМА, Малдив, Миср, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Сербия, Куба, Ҷопон, Сейшел, Эфиопия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Финляндия, Юнон ва Сингапур барқарор кардааст.
Бо Тоҷикистон ҳанӯз парвозҳои мунтазам барқарор нашудаанд. Барои муайян кардани вазъи эпидемиологӣ интизор меравад, ки ҳайати "Роспотребнадзор" ба Тоҷикистон сафар кунаду хулосаи худро ироа созад.