https://sputnik.tj/20210210/Tasmimi-Hukumati-Rusiya-darkhost-Rasulzoda-parvoz-1032795151.html
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Русия дар пайи дархости Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои оғозои парвозҳо тасмим гирифтааст, як ҳайати коршиносони “Роспотребнадзор” - ро... 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T15:20+0500
2021-02-10T15:20+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
парвоз
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/42/1031424277_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_376191cc5327af0cf690e1c211775733.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мутахассисони “Роспотребнадзор” вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ хоҳанд кард, иттилоъ дод котиботи Ҳукумати Русия.Созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия ҳосил шудааст.Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст Ҳукумати Русия.Замимаи телефон: Оверчук ба Қоҳир Расулзода роҳи русияравиро гуфтДар баробари ин Оверчук ба Қоҳир Расулзода кори замимаи телефонии “Сайёҳат бе COVID-19" – ро нишон дода, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ба ин барнома пайваст шавад. Оверчук ҳадафи ин пешниҳодро таъмини вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия гуфтааст.Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии “Сайёҳати бе COVID-19" барои ҳаракати озоду бехатари шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё дар замони пандемия таҳия шудааст. Қаблан сарвазири Русия, Михаил Мишустин гуфт, ки аз 1 феврал ин замимаро метавонанд шаҳрвандони Русия, Арманистон ва Белорус истифода намоянд. Ӯ тавзеҳ дод, ки барои ин бояд замимаи мобилӣ боргирӣ шавад, дар он ташхисгоҳ барои гузаштан аз санҷиши тиббӣ интихоб гардад ва дар сурати набудани коронавирус, шахс метавонад ба Русия сафар кунад.Ин пешниҳодҳои Русия дар ҳолеянд, ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди беҳбуди вазъи эпидемиологӣ аз Маскав оғози парвозҳои мунтазамро дархост карда буд, ки дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.
https://sputnik.tj/20210209/Parvoz-Rasulzoda-Maskav-1032791371.html
https://sputnik.tj/20210209/daler-juma-intikol-bark-sangtuda-1-1032787776.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/42/1031424277_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_38d52374464335a64f9695b4a982a26c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
15:20 10.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳукумати Русия дар пайи дархости Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои оғозои парвозҳо тасмим гирифтааст, як ҳайати коршиносони “Роспотребнадзор” - ро Тоҷикистон фиристад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мутахассисони “Роспотребнадзор” вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ хоҳанд кард, иттилоъ дод котиботи Ҳукумати Русия.
Созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия ҳосил шудааст.
Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.
“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст Ҳукумати Русия.
Замимаи телефон: Оверчук ба Қоҳир Расулзода роҳи русияравиро гуфт
Дар баробари ин Оверчук ба Қоҳир Расулзода кори замимаи телефонии “Сайёҳат бе COVID-19" – ро нишон дода, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ба ин барнома пайваст шавад. Оверчук ҳадафи ин пешниҳодро таъмини вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия гуфтааст.
Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии “Сайёҳати бе COVID-19" барои ҳаракати озоду бехатари шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё дар замони пандемия таҳия шудааст. Қаблан сарвазири Русия, Михаил Мишустин гуфт, ки аз 1 феврал ин замимаро метавонанд шаҳрвандони Русия, Арманистон ва Белорус истифода намоянд. Ӯ тавзеҳ дод, ки барои ин бояд замимаи мобилӣ боргирӣ шавад, дар он ташхисгоҳ барои гузаштан аз санҷиши тиббӣ интихоб гардад ва дар сурати набудани коронавирус, шахс метавонад ба Русия сафар кунад.
Ин пешниҳодҳои Русия дар ҳолеянд, ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди беҳбуди вазъи эпидемиологӣ аз Маскав оғози парвозҳои мунтазамро дархост карда буд, ки дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.