Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЧайхана "Харбуза" в Гиссаре
Чайхана Харбуза в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Обуна шудан
Ҳоли табоҳи чойхонаи “Харбуза” ва пулҳои барнагардондаи “Агроинвестбонк” пойи бархе аз намояндагони хонаводаҳои пурнуфузи Тоҷикистон - Алимардоновҳо, Ҳаёевҳо ва бархеи дигарро ба маҳбасу додгоҳ кашидаст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Додгоҳ дар Душанбе директори Чойхонаи миллии “Харбуза” -ро, ки интизор мерафт, ба яке аз тафреҳгоҳҳои бузурги Тоҷикистон табдил ёбад, ба 7 сол равонаи зиндон кардааст.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2020
"Ширкати Алимардоновро ба додгоҳ кашиданд"
Шермуҳаммади Шоҳиён зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба суоли Sputnik Тоҷикистон посух дода, гуфт, парвандаи шахсе, ки вобаста ба тасарруфи маблағҳои марбут ба сохтмони чойхонае, ки бо номи рамзии “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор ёд мешавад, низ ниҳоӣ ва ҳукм содир шуд.
"Илҳом Командир" ба 9 соли зиндон маҳкум шуд
“Ин парванда аз сӯи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, ин шахс ба мӯҳлати тахминан 7 ё 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст”, - гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, масъули чойхонаи “Харбуза”, ки бо фармоиши корпоратсияи Алимардоновҳо сохта шудааст, ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.
Раиси Суди Олии Тоҷикистон аз ин шахсе, ки дар тасарруфи маболиғи сохтмони Чойхонаи миллии “Харбуза” муҷрим шинохта шудааст ва ҳам ҳаҷми маболиғе, ки ӯ тасарруф кардааст, иттилои бештар надод.

Ҳоли табоҳи “Харбуза”, ки бояд тафреҳгоҳи бузург мешуд

Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳои расмӣ, Чойхонаи миллии “Харбуза”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, интизор мерафт яке аз тафреҳгоҳҳои раддаи аввал дар Тоҷикистон табдил ёбад. Онро як Маркази бузурги оши палави тоҷикӣ низ муаррифӣ мекарданд.
Сохтмони “Харбуза” бо фармоиши Корпоратсияи “Баракат” – и марбути Алимардоновҳо аз сӯи ширкати “Шаҳрофар” – и марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 шурӯъ шуд ва дар муддати як сол ба охир расид.
© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТарҳи чойхонаи миллии "Харбуза", ки бояд тафреҳгоҳи бузург мешуд
Тарҳи чойхонаи миллии Харбуза, ки бояд тафреҳгоҳи бузург мешуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Тарҳи чойхонаи миллии "Харбуза", ки бояд тафреҳгоҳи бузург мешуд
Ин чойхонаи миллӣ 27 октябри соли 2015 дар рӯзҳои ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо баландии 43, дарозии 100 ва бари 55 – метра, бо зарфияти 2,5 ҳазор меҳмон ё мизоҷ дар як вақт, ҳамзамон ҳудуди 4,7 гектар мавриди истифода қарор гирифт, аммо ба зудӣ аз забонҳо уфтода, ба қавли шоҳидон, ҳоло ҳоли табоҳ дорад.

Ҳабсҳо дар хонаводаи Алимардоновҳо ва Ҳаёевҳо

Корпоратсияи “Баракат”, ширкати таҳти раҳбарии Пардаалӣ Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон мебошад. Муродалӣ дар гузашта аз афроди калидии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар мақомҳои гуногун аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбанк” – ро бар дӯш дорад.
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Қариб 80 миллионро надодаанд: Шоҳиён гуноҳу ҷазои Исматулло Ҳаёевро эълон кард
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Пардаалӣ Алимардон низ ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад. Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд, ки тафсилоти он ба ҷуз мақомот ба каси дигаре маълум нест.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон танҳо аз зиндонӣ шудани Исматулло Ҳаёев, раиси ширкати “ХИМА” бо иттифоқи се нафари дигар барои тасарруфи 80 миллион сомонии “Агроинвестбонк” ба муҳлати 11 сол ва Илҳом Ҳотамов, маъруф ба “Илҳом командир”, ба муҳлати 9 сол хабар дод. Маблағи тасарруфкардаи Ҳотамов дақиқ нест.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз 30 ширкат дар тасарруф ва ҳайфу майли маболиғи “Агроинвестбонк” дахил буда, онҳоро мӯҷиби дар ҳадди варшикастагӣ қарор гирифтани бонк медонанд. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, “Агроинвестбонк” аз муштариён садҳо миллион сомонӣ қарздор аст. Бонки миллӣ дар гузашта эълон дошта буд, ки “Агроинвестбонк” – ро варшикаста эълон намекунад, балки ҳама талошҳои ҳукумат барои дигарбора беҳбуд бахшидани вазъи он равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0