https://sputnik.tj/20210209/Raisi-Amonatbonk-qallobii-se-millioni-Isoev-1032786910.html
Раиси "Амонатбонк" дар бораи қаллобии се миллионии кормандаш: "мо зиён надидем"
Раиси "Амонатбонк" дар бораи қаллобии се миллионии кормандаш: "мо зиён надидем"
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз қаллобии се миллионии корманди бонк Исоев хазинаи "Амонатбонк" зарар надидааст 09.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-09T12:16+0500
2021-02-09T12:16+0500
2021-04-20T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
сироҷиддин икромӣ
раис
қаллобӣ
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032787706_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c1ee060571bb7604d829d2260fee4116.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ раиси "Амонатбонк" имрӯз дар нишасти хабарӣ қазияи Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории “Амонатбонк”, бо бародарон Ғуломовҳоро шарҳ дод.Ёдовар мешавем, Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории "Амонатбонк", бо бародарон Ғуломовҳо, ки чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул будаанд.Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин мақомдор ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз ҳамин қаллобии корманди бонк "Амонатбонк" ҳеҷ зиён надидааст.Икромӣ афзуд, ки то чӣ ин андоза ҳақиқат доштани ин қазия дар охир муайян мешавад вақте кор ба додгоҳ меравад.Ёдрас мешавем, ки додситонии кул қазияи Исоевро тавзеҳ дода гуфт, бо мусоидати ӯ, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо” 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (287 ҳазору 797 доллар) гирифтааст.Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210131/Gulomov-intiqol-million-dollar-million-dolya-Isoev-1032732284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032787706_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_800ebc584d4bfd65ba58ae8ecf9f8ef5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, сироҷиддин икромӣ, раис, қаллобӣ, амонатбонк
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, сироҷиддин икромӣ, раис, қаллобӣ, амонатбонк
Раиси "Амонатбонк" дар бораи қаллобии се миллионии кормандаш: "мо зиён надидем"
12:16 09.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 20.04.2021) Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз қаллобии се миллионии корманди бонк Исоев хазинаи "Амонатбонк" зарар надидааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ раиси "Амонатбонк" имрӯз дар нишасти хабарӣ қазияи Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории “Амонатбонк”, бо бародарон Ғуломовҳоро шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории "Амонатбонк", бо бародарон Ғуломовҳо, ки чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул будаанд.
Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин мақомдор ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз ҳамин қаллобии корманди бонк "Амонатбонк" ҳеҷ зиён надидааст.
"Аз ҳамин амале ки рух дод, бонк як танга ҳам зарар надид, чун ин муносибати шахсии корманди бонк ба худи ҳамон Ғуломовҳо аст", - гуфт раис.
Икромӣ афзуд, ки то чӣ ин андоза ҳақиқат доштани ин қазия дар охир муайян мешавад вақте кор ба додгоҳ меравад.
"Мо ҳамчун мизоҷ ба ҳамун ширкатҳо хизматрасонӣ кардагӣ ҳастем. Маблағҳои онҳоро ба асъори хориҷӣ табдил додем ва суроғае, ки онҳо пешниҳод кардан ирсол намудем", - гуфт раиси бонк.
Ёдрас мешавем, ки додситонии кул қазияи Исоевро тавзеҳ дода гуфт, бо мусоидати ӯ, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо” 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (287 ҳазору 797 доллар) гирифтааст.
Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.